Хабарҳо


ДАСТАИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДОНИШКАДА САЗОВОРИ ҶОЙИ II ГАРДИДАНД!

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастурҳо аз ҷаласаи васеи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки бо раисони вилоятҳо ва масъулини соҳаи варзиш санаи 03 ноябри соли 2024 дошта буданд, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии вилоят санаи 15.10.2024 баргузор гардид. Фестивал аз рӯи намудҳои гӯштини миллӣ, варзиши сабук, волейбол, футбол ва шоҳмот гузаронида шуд.
ДАРСИ НАМУНАВӢ

АЗ ФАННӢ: Таъминоти барқ ОМӮЗГОР: н.и.т. Пирмадов Муродмад Давлатович КАФЕДРА: ШАБАКАҲОИ БАРҚӢ МАВЗУИ: Роҳои истеҳсоли энергияи электрики дар хоҷагии халқ
ГУЗОРИШ: ҶАЛАСАИ КОРИИ КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДӢ РАҚАМӢ

Тибқи нақшаи кории кафедраи молия ва иқтисоди рақами санаи 11.10.2024 ҷаласаи навбатии кафедра бо иштироки и.в. мудири кафедра Акимов С.М., декани факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ н.и.и Асоев Б.Х., н.и.и. Валимуҳамдахон Валдош ва омӯзгорони кафедра баргузор гардид.
САЙРИ ОСОРХОНА

Дар ҳошияи амалинамоии барномаи корҳои тарбиявии донишкада ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллии донишҷӯён ва огаҳи ёфтан онҳо аз таърихи пурғановати гузаштаи тоҷик бо ташаббуси садорати факултети муҳандисӣ - энергетикӣ чорабинии ватандӯстии «САЙРИ ОСОРХОНА»роҳандози карда шуд.
САҲМИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУЗУРГДОШТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, ОМӮЗГОР ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ

Зери ин унвон санаи  04 - октябри соли равон дар толори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб чорабинии илмӣ – адабӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур  роҳбарият, олимону омӯзгорон иштирок намуданд.
БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА АЗ ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИВУ КИШВАРШИНОСИ 2700 - СОЛАГИИ КӮЛОБ

Гуфтан ба маврид аст, ки мавҷудияти мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири он бо кӯлҳо, ҳайвоноту растаниҳои нодир, инчунин кӯҳҳои баланд омили асосии рушди сайёҳии кишвар эътироф шуда аст.
ГУЗОРИШ АЗ РАФТИ  МАҲФИЛИ «ҲУҚУҚШИНОСОНИ ҶАВОН» - И КАФЕДРАИ ҲУҚУҚ ВА ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ

Тибқи нақшаи кории маҳфили «Ҳуқуқшиносони ҷавон» - и кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарии факултети муштараки тоҷикӣ - росиягӣ ва технологияҳои дурнамои илмиасос дар таърихи 30.09.2024  маҳфил доир гардид.
ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ - АДАБИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Дар чорабинии мазкур ректори донишкада доктори илмҳои техкникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Набот, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон Хайриддин Хайрандеш, шоир, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Салими Хатлонӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои ҳуқушиносӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек, директори генералии Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб» доктори илмҳои филологӣ Асозода Ҳотам иштирок намуданд.
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: САЙЁҲӢ ВА РУШДИ ОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ»

Бо мақсади таҷлил аз ҷашни пуршукӯҳи миллат 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи тақвимии лоиҳаи илмӣ-фармоишӣ дар мавзуи «Таҳқиқи проблемаҳо ва захираҳои соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби омӯзгорони кафедраи иқтисод ва идораи Донишкадаи технолония ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб таҳия гардидааст, дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рӯзи 6 сентябр дар қароргоҳи Раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон: Сайёҳӣ ва рушди он дар даврони соҳибистиқлолӣ» бо доираи васеъи роҳбарон, коршиносон ва мутахассисону донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми риштаи сайёҳии  Донишкадаи технолония ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доир гардид.


Flag Counter