Роҳбарият / Муовини ректор оид ба тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ

Холматова Мумина Маҳмадовна
Муовини ректор оид ба тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ
ХОЛМАТОВА МУМИНА МАҲМАДОВНА
05 августи соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.
Аз соли 1999 то соли 2009 дар гимназияи Боғи –Ҳабиби - ноҳияи Муъминобод таҳсил намудааст.
КОР ВА ФАЪОЛИЯТ
Солҳои 2009-2014 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳсил намуда, онро бо ихтисоси “забон ва адабиёти тоҷик” хатм кардааст.
Солҳои 2014-2017 ба ҳайси мудири шуъбаи тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ ва ассистанти кафедраи «Забонҳо»-и Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб кору фаъолият намудааст.
Солҳои 2017-2019 дар кафедраи «Забонҳо»-и Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб адои вазифа кардааст.
Солҳои 2019-2020 ба ҳайси мудири кафедраи «Саноати сабук ва дизайн»-и ДТМИК фаъолият кардааст.
Солҳои 2020 - 2021 дар вазифаи Сардори шӯъбаи магистратураи ДТМИК кор кард.
Солҳои 2022 – 2023 мудири кафедраи «Технологияи саноати сабук ва дизайн»-и ДТМИК фаъолият намуд.
Аз моҳи сентябри 2023 то ба ҳол ба ҳайси муовини ректор оид ба тарбияи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб кору фаъолият карда истодааст.
Муаллифи 2 моногарфия ва зиёда 35 мақолаи илмӣ мебошад.
Дар тули фаъолияти хеш барои саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ҷамъиятӣ ва саҳмгузори дар ободонии шаҳр бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаи Раиси вилояти Хатлон, раиси шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуда аст.
Оиладор соҳиби 3 фарзанд.
Роҳбарият