ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ"ДАР САҲНИ ДОНИШКАДА

 25.11.2024, 14:10:30     347


Фазои донишкада имрӯз чеҳраи идона дошт. Дар даромадгоҳи донишкада роҳбарият устодону донишҷўён бо як самимият донишҷўи донишкада Сураёи Тоирхонро ки дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донои китоб аст" аз руи номинатсияи адабиёти классикӣ тоҷик иштирок намуда сазовори ҷойи сеюм гардид истиқбол намуданд.

468575918_1098685888600473_4134542101057907995_n

Сипас дар толори фарҳангии донишкада чорабини баргузор гардид. Ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Набот баромад намуд ин дастоварди навбатии бадастовардаи донишҷўи донишкадаро ба ҳайати устодону донишҷӯён муборак бод гуфта аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ва аҳли маорифи кишвар ёдовар гардиданд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ ва роҳбари ӯ омӯзгор Мирзоева фарида бо сипоснома, ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

468614752_1098686238600438_5565463450718245713_n468504533_1098686138600448_8226390826743507648_n

Инчунин падари донишҷӯ бо титули фахрӣ барои тарбия намудани фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ қадрдонӣ карда шуд

468809922_1098700101932385_855911562077343351_n468577794_1098686068600455_5312551160396159373_n