ГУЗОРИШ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ "ЗАБОНШИНОСӢ"
ГУЗОРИШ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ "ЗАБОНШИНОСӢ"
Дар доираи нақшаи кории маҳфили "Забоншиносӣ" - и кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷӣ маҳфили илмии донишҷӯён баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур иштирок доштанд ноиби ректор оид ба тарбия ва масоили иҷтимоӣ н.и.п,дотсент Холматова М.М, мудири китобхона Идиев И, мудири кафедра н.и.т Боронова Р.А инчунин омӯзгорон Ҳакимова Р,Холматова Р,Расулов М,Шаҳноза С,Ҳакимов Н ва роҳбари маҳфил Шаҳнозаи С иштирок намуданд.
Роҳбари маҳфил Шаҳнозаи Сабур маҳфилро оғоз бахшида чунин баромадҳо шунида шуданд.
- Маҳмадов Саидмуҳаммад доншҷӯи курси 1 ихтисоси 1-560101дар мавзуи "Забон дарандаест,ки вогузорандаш бигазад";
- Маҳмадзода Меҳрона донишҷӯи курси 1 ихтисоси 1-020502 дар мавзуи "Забон ва исиқлоли кишвар";
3.Бустонова Марҷона донишҷӯи курси 1 ихтисоси 1-210602 дар мавзӯи "Забон калиди нуру хирад"
- Маҳмадзода Фарангис донишҷӯи курси 1 ихтисоси 1-020502 дар мавзӯи "Забон ҳастии миллат" барассӣ гардид.
Баъд аз шунидани баромадҳо роҳбарият омузгорону донишҷӯён ва дигар аъзоёни маҳфил ибрози андеша намуданд.
Гуфта шуд, ки доир гардидани чунин маҳфилҳои дар баланд бардоштани донишҳои донишҷӯён мусоидати комил хоҳад кард.