НАҚШИ ПАЁМ ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ САМТҲОИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ КИШВАР

 31.12.2024, 10:04:55     59


Ҳамасола ҳамчун пайки шодиву иқдоми нек Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои соли оянда ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, амният, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, дар умум, оид ба тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ва ба миён гузоштани вазифаҳои мушаххас ироа мегардад.

472512046_1122537172882011_3945608661801235589_n472670756_1122537709548624_2478445176418864203_n

Дар ҳошияи омӯзиш ва барасии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб чорабинии илмӣ дар мавзуи «Нақши паём дар ташаккул ва рушди самтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар» бо иштироки роҳбарият ҳайати устодону кормандон баргузор гардид.

Чорабиниро муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот н.и.т. и.в дотсент Қурбонзода Бобохон оғоз бахшида қайд доштанд, ки муҳтавои ҳар як Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Токикистон бармеояд, ки тамоми дастуру супоришҳо ва талошҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлати ва дастовардҳои халқи Тоҷикистон, рушду ободии Ватани азизамон, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндаги мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳалли мушкилоти раванди ҷаҳонгароӣ, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ равона карда шудаанд. Дар идомаи баромад аз дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати донишкада ёдовар гардида табдил ёфтани донишкадаро ба Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ иқдоми нек арзёбӣ намуда ҳозиринро табрик гуфтанд.

Дар идомаи кори конференсия мавзуҳои зерин барраси карда шуданд:

1.Асоев Баҳодур номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в дотсент декани факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар мавзуи «Муҳимияти Паёми Пешвои миллат дар рушди иқтисоди миллӣ»;

2.Шарипов Бегиҷон номзади илмҳои педагогӣ, и.в мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар мавзуи «Нақши Паём дар амалишавии Стратегияи зеҳни сунъӣ барои солҳои 2020 -2040»;

3.Холматова Мумина номзади илмҳои педагогӣ, и.в дотсент муовини ректор оид ба тарбия дар мавзуи «Нақши занон дар меҳвари паём»;

Исоев Собир номзади илмҳои таърих, муовини ректор оид ба илм ва татбиқот дар мавзуи «Сиёсати давлатии Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф ва илм»;

4.Шарипов Рустам сардори раёсати тарбия дар мавзуи «Дастгирии давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат»;

472392516_1122537266215335_7106390196315378844_n472665021_1122537419548653_2633519941265875573_n

472524116_1122537146215347_4879444648520555802_n

Дар идомаи кори конференсия устодон н.и.ф.м.дотсент Ғафоров Сатор, н.и п.Ғафоров Абдусатор, саромӯзгор Ахмедова Зебуниссо, Абдулозода Ҳабибулло н.и.к. Раҷабов Исо тасавуроти хешро нисбати паёми Роҳбари давлат баён намуданд.

472514232_1122537746215287_4909853948227211802_n471990174_1122537596215302_572531832786969695_n