Маълумоти умумӣ


Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун зерсохтори Вазорати Саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз соли 2004 фаъолият карда истодааст.     

Фаъолияти таълимии донишкада дар соли таҳсили 2022-2023 дар 4- факултет  ва 10 кафедра аз ҷумла: 9- кафедраи тахасусӣ, 33- ихтисос дар зинаи бакалавриатура, 10 ихтисос дар зинаи магистратура ва 10 ихтисос дар зинаи докторантура аз руи ихтисос (Phd)  ба роҳ монда шудааст.

Шумораи умумии донишҷӯён дар донишкада ба ҳолати 10.10.2022 2385  нафарро ташкил медиҳад аз ҷумла: дар шуъбаи рӯзона  1824  нафар, тахсилоти фосилавӣ 771- нафар,  магистратура 45 нафар дар зинаи докторантура (Phd) 14 нафарро ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 672 –нафарро донишҷӯйдухтарон  ва 1714 нафарашонро писарон ташкил медиҳанд. Дар донишкада 32 нафар донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, аз ҷумла: 10-нафар духатрон ва 22 нафар писарон. Дар зинаи магистратура аз рўи 10-ихтисос 45 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Дар донишкада соли 2022-2023 ҳафт ихтисоси нав кушода гардид:

  1. Ихтисоси 1-480104 "Технологияи саноати электрохимияви" 
  2. Ихтисоси 1-48010107  "Технологияи масолеҳи сохтмонӣ дар асоси моддаҳои часпак"
  3. Ихтисоси 1-48010101 "Технологияи нуриҳои минералӣ намакҳо ва ишқорҳо"
  4. Ихтисоси 1-98010101 "Амнияти компютерӣ (усулҳои риёзӣ ва системаҳои барномавӣ)"
  5. Ихтисоси 1-530101 "Автоматонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот (аз рӯи самтҳо)"
  6. Ихтисоси 1-250103 "Иқтисодиёти ҷаҳонӣ"
  7. Ихтисоси 1-260101 "Забонҳои муосири хориҷӣ"

Дар самти таълим раёсати Донишкада дар соли сипаригашта ба масъалахои зерин диққати аввалиндараҷаро равона намуданд:

-дар сатҳи талаботи имрӯза ба роҳ мондани фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ, бахуссус  фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ;

-дар  кафедраҳои марбут ба  фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ ташкил намудани Академияи хурди илмҳо ва зиёд намудани шумораи аъзоёни ин академияҳо;

- бо мақсади ҷорӣ намудани дарсҳои босалоҳият, таҳияи барномаҳои кории ҳар як фанни таълимӣ;

-ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим бахуссус дар  фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ;

-аз диди нав дар асоси Стандарти давлати МТОК таҷдиди стандартҳои таълимии ҳар ихтисос ва нақшаву барномаҳои таҳсилотӣ;

-дар соли таҳсили 2021-2022 гирифтани иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълими ихтисосҳои самти «Интелекти сунъӣ»:

  1.  1-400301-Зеҳни сунъӣ
  2.   1-40030102-Технологияҳои зеҳнии компютерии ҳифзи иттилоот;
  3. 1-40030104-Технологияҳои зеҳнии компютерии таълими фосилавӣ

Дастовардҳои муҳими Донишкадаҷиҳати амалӣ гардонидани барномаҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дар солҳои 2022-2023:

  • - ба идрорпулии Президентӣ 3 нафар донишҷӯ барои соли таҳсили 2022- 2023 мушарраф гардид;
  • - ба идрорпулии раиси вилояти Хатлон 4 омузгор ва 2 донишҷӯ мушарраф гардид;
  • - таъсис ва фаъолияти 10 кафедра, аз ҷумла 9 кафедраи тахассусӣ;
  • - таъсис ва фаъолияти 4  факултет;
  • - таъсис ва фаъолияти 3  департамент, 5 шӯъба, 12 марказ, 3 хадамот;
  • - таъсис ва фаъолияти 5 сехҳои истеҳсолӣ дар парки инноватсионӣ – технологӣ;
  • - ба ҷои кор ҷалб гардидани 311 омӯзгор;
  • - 6 ҳимояи рисолаи номзадӣ аз тарафи омӯзгорони Донишкада;
  • - чоппи 4-мақолаи илмӣ дар маҷалаҳои байналмилалӣ  аз тарафи омӯзгорони Донишкада;
  • - таҳсили 2385 донишҷӯён;
  • - хатми 413 нафар донишҷӯён дар соли 2022;
  • - таъсис ва фаъолияти 12 озмоишгоҳ ва 24 кабинети фаннӣ;
  • - васеъ шудани фаъолияти  мактаби муштараки илмии тоҷикӣ-росиягии «Технологияхои дурнамом илмиасос» бо роҳи таъсис додани маркази нави илм;  
  • - таъсиси Маркази омӯзиши бо 5 забонҳои хориҷӣ;
  • - Дар Олимпиада, ки барои дарёфти Ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз рӯи 12 равияи илмӣ баргузор гардид, дастаи олимпии донишкада бо ишғол намудани як ҷойи дуюм, як нафари дигар ба ҷойи ифтихории (4-ум) шарафёб гардиданд.

Дар соли 2021 аз ҷониби устодони Донишкада нашри 10 китоби дарсӣ, 8 монография, 21 дастури таълимӣ, 22 дастури методӣ, 410  мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмӣ ва рузномаҳо чоп гардиданд.