НАҚШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪСИСИ ДОНИШГОҲИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ
Дар шароити соҳибистиқлолии давлатӣ яке аз механизмҳои меҳварии рушди соҳаҳои калидии кишвар Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли мардуми мамлакат, маҳсуб меёбад. Паёми ироагардидаи имсолаи Пешвои муаззами миллат ба аҳли зиё ва мардуми шарифи Тоҷикистон, тамоми комёбиҳо ва дастовардҳои мамлакатро дар тамоми самтҳо фаро гирифта, ҳамчунин дурнамои рушди давлатро муайян кард.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ҳисоботи солонаи давлату ҳукумат буда, дар он пешрафту дастовардҳои иқтисодию сиёсии кишвар дар солҳои охир, пешравиҳо дар соҳаи иҷтимоӣ, мушкилот дар ҳамаи соҳаҳо баён шуда, дастуру вазифаҳо барои солҳои минбада муайян карда мешавад.
Дар Паёми имсола, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шавад.
Ба фикри мо барои амалӣ гардонидани “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ба мутахассисони дорои тахассуси иқтисоди рақамӣ, барномасозӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти компютерӣ ва технологияи зеҳнии компютерии њифзи иттилоот, авлавият дода мешавад. Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бошад пойгоҳи асосии тайёр намудани чунин мутахассисон ба шумор меравад.
Муассисаи таълимии давлатии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, яке аз дастовардҳои истиқололи давлатӣ буда, бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои аз хиради азалӣ бархурдори миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, таъсис дода шудааст.
Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб бо қабул гардидани Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 баъди омўзиш, тањлили заминаи моддӣ-техникӣ, имкониятҳои мавҷуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳоди сохторҳои марбута ва мутахассисони соҳавӣ, бо қарори Шурои олимон ва Шурои илмӣ-техникии Донишкада аз 28.08.2021, факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст. Дар ин асос, дар заминаи кафедраи технологияҳои барномасозӣ ва техникаи компютерӣ, кафедраи технологияҳои барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ, кушода шуд. Роҳбарияти Донишкада барои ташкили фаъолияти натиҷабахши факултети навтаъсис (иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ) ва барои кушодани ихтисосњои марбут ба соҳаи мазкур ба Агентии назорат дар соњаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои зерин:
- 1-400301 - Зеҳни сунъӣ;
- 1-40030102 – Технологияи зеҳнии компютерии ҳифзи иттилоот;
- 1-40030104 – Технологияи зеҳнии компютерии таълими фосилавӣ;
дархост пешнињод намуданд, ки баъд аз ҷараёни омўзиш ва хулосабарорӣ ба замимаи иҷозатномаи донишкада ворид гардидаанд ва аз соли таҳсили 2022-2023 довталабон ба донишкада аз рўйи ин ихтисосҳо қабул карда шуданд ва дар оянда барои татбиқи зеҳни сунъӣ замина хоҳанд гузошт.
Ҳамзамон, таҷҳизотҳои лозима барои факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҳисоби лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ЭРАСМУС+ бо номи «Таъсиси марказҳои омӯзишӣ ва тадқиқотӣ ва таҳияи курсҳо оид ба таҳлили зеҳнии додаҳои калон (BigData) дар Осиёи Марказӣ (ELBA)» ба даст оварда шудааст.
Инчунин, дар асоси нақшаи такмили ихтисоси кормандони кафедраи “Технологияњои баномасозӣ ва зеҳни сунъӣ” дар Донишгоњи Приморскаи Словения, шањри Копер (3 нафар), дар Донишгоҳи Сантьяго Де Компостелаи шоҳигарии Испания (3 нафар), Донишгоњи политехникии Турини Италия (7 нафар) омӯзгорони ҷавон аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, соҳиби сертификати хатм гардиданд.
Ҳамаи мо шоҳид будем, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони ин самтро дода, илова бар ин, дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.
Сарвари давлат ба Вазорати маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки дар муҳлати чор моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Коллективи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишкада, мардуми илмдӯсту маорифпарвари шаҳри Кӯлоб аз ин иқдоми созандаи Роҳбари давлат шод гардида, миннатдории хешро ба Пешвои хирадманду дурандеши миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии пайвастаашон нисбати донишкада мерасонанд.
Мо омӯзгорону кормандон бо як ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ фаъолияти пурмаҳсул намуда, бо тайёр намудани мутахассисони самтҳои “иқтисоди рақамӣ”, “технологияҳои барномасозӣ” “зеҳни сунъӣ” дар амалӣ намудани “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” саҳми худро мегузорем.
Асоев Баҳодур - номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб