ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ҲОЛАТ, РУШД ВА ИМКОНИЯТҲОИ ИСТИФОДАБАРИИ САМАРАНОКИ ОН

 20.12.2024, 10:00:27     9


Дар Донишкади технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб санаи 20 – декабри соли 2024 конференсияи илмӣ - амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат, рушд ва имкониятҳои истифодабарии самараноки он» бахшида ба Даҳсолаи байналмиалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 ва ташаббуси панҷуми Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо, Рӯзи энергетикҳо баргузор гардид.

Пеш аз шуруи кори конференсия иштирокдорон аз дастовардҳои кафедраҳои донишкада дидан ва шиносои пайдо намуданд.

471111610_1113640473771681_6155384909972172632_n471160585_1113640943771634_2153994928638268924_n

Дар кори ифтитоҳии конференсия муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Салим Сайвализода, декани факултети иқтисодиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Исайнов Ҳисайн, Файзализода Баҳрулло Файзалӣ, мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва олимону донишмандони муассисаҳои оилии касбии кишвар, муовинони ректор иштирок ва суханрони намуданд.

471160141_1113725303763198_7089470637173111840_n471184674_1113638680438527_5013793023379654412_n

Бо садо додани суруди миллӣ кори конференсия оғоз бахшида шуда меҳмонон ва баромадкунандагонро ноиби ректор оид ба инноватсия, рақамикунонӣ ва равобити хориҷӣ, доктор PhD Ҳакимов Искандар муаррифи намуда кори конференсияро пешбари намуд.

Ёдовар бояд шавем, ки тариқи маҷози ректори Донишкада доктори илмҳои техникӣ, дотсент Шоҳиён А.Н. намояндагони муассисаҳои олии касбии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон, Германия иштирок ва суханрони намуданд.

471159414_1113638947105167_8518076451714456625_n471169388_1113725527096509_2134494915106789498_n

Чунин мавзуҳо маърӯзаҳои илмӣ шунида шуданд:

1.Маърӯзаи илмӣ: ИСАЙНОВ ҲИСАЙН, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, декани факултети иқтисодиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “ЗАХИРАҲОИ ОБИЮ ЭНЕРГЕТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪИ ҲОЗИРА ВА ДУРНАМОИ ПЕШРАФТ”;

  1. Маърӯзаи илмӣ: ФАЙЗАЛИЗОДА БАҲРУЛЛО ФАЙЗАЛӢ - доктори илмҳои педагогӣ, дотсент мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “ТАКМИЛИ ТАШКИЛИ КУРСҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДАР СОХТОРҲОИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНӢ”;

3.Маърӯзаи илмӣ: ҚАСОБОВ ЛОИҚ САФАРОВИЧ – номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи нерӯгоҳҳои барқии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ “ҲОЛАТ ВА РУШДИ ДУРНАМОИ ЭНЕРГЕНТИКАИ БАРҚАРОРШАВАНДА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”;

4.Маърӯзаи илмӣ: РАҲМОНОВ БАХТИЁР - профессори фахрии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, мухбири махсуси рӯзномаи «Кулябская правда» “ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ ҲАМЧУН ОМИЛҲОИ АСОСИИ РУШДИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”;

5.Маърӯзаи илмӣ: ШАРИФОВА ДИЛОРОВ МУСТАФОҚУЛОВНА – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идораи ДТМИК “НАҚШИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚӢ - ОБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ”.

Зимни баромади маърӯзачиён қайд гардид, ки Тоҷикистони азизи мо маҳз дар даврони соҳибистиклолӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла обу энергетика ноил гардид. Барои рушду инкишофи соҳаи энергетика – ҳамчун соҳаи афзалиятноку муҳими иқтисоди кишвар, дар ин давра як қатор тадбирҳои муассиру созанда, аз ҷумла азнавсозиву барқароркунии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли нерӯи барқ амалӣ карда шуданд.

Бе рушди соҳаи электроэнергетика рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар ғайриимкон аст. Беҳуда энергетикаро локомотив ва пешбарандаи иқтисодиёт номбар накардаанд. Дар ин раванд, ҳамчунин баҳри таъмини бемайлони сокинони куҳандиёри тоҷикон бо нерӯи арзону аз лиҳози экологӣ тозаи барқ, афзоиши иқтидорҳо ва ноил гардидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ давоми соҳибистиқлолӣ сохтмону баистифодадиҳии як қатор иншооти бузурги тавлидотии нерӯи барқ ба роҳ монда шуд.

Дар идомаи чорабини дигар баромадкунандагон аз ташаббусҳои байналмилаии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳони оид ба масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо ибрози назар намуда қайд доштанд, ки масъалаҳои мубрами замони ҳозира ҳолати номатлуби пиряхҳо дар кураи замин дар шароити гармшавии глобалӣ – умумисайёравӣ мебошад. Муқаррар карда шуда аст, ки ҳарорати ҳаво дар кураи замин тули асри XXI баланд шуда аст. Ин вазъият ба пайдоиш, захирашавӣ ва таҳаввули пиряхҳо беасар намонд. Гармшавии ҳарорати ҳаво захира шудани барфҳо ва ташаккули пиряхҳоро коҳиш дод. Имрӯзҳо об шудани пиряхҳо нисбат ба захирашавӣ бартари дорад, ки он боиси кам шудани масоҳат ва захираи онҳо мегардад.

Аз ин рӯ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар бо ташаббуси панҷуми хеш дар сатҳи ҷаҳон ҷомеаи ҷаҳониро ба муҳофизати барфу пиряхҳои доимӣ даъват намуд. Зеро пиряхҳо барои табиату беҳбудии насли имрӯзу оянда чун гавараки чашм зарур мебошад.

Дар идомаи чорабини ғолибони озмунҳои донишкадавӣ “Олими сол”, “Омӯзгори сол”, “Кафедраи инноватсионӣ”, “Эдвайзери сол”, “Донишҷӯи сол”, “Факултети беҳтарин”, “Раёсат ва шуъбаи сол”, мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Ташаббусҳои Пешвои миллат наҷотбахши сайёра” бо ифтихорнома ва мукофотҳои пуллӣ дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

470809341_1113639150438480_3818285643927931625_n471352592_1113639210438474_7345912833322542839_n

471208862_1113639177105144_4007651852341522598_n