КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА ТАЪМИНОТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

 04.11.2024, 14:18:48     75


  Дар доираи истиқбол аз 30 - солагиии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб конференсияи илмӣ назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. 
Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сайвализод Дар доираи истиқбол аз 30 - солагиии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб конференсияи илмӣ назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.  а Салим, ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот, намояндагони Прократураи вилояти Хатлон Комилзода Рустам Саймуҳамад, намояндаи прократураи шаҳри Кӯлоб Солеҳзода Тоҳир Қувват иштирок намуданд. 

Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.
Сипас ректори донишкада д.и.т. профессор Шоҳиён Алмосшо Набот ба сухан баромада аз таърихи қабули Конститутсия ва нақши он ёдовар гаридида ҳозиринро ба 30- солагии таъсисёбии ин санади сарнавиштсози миллат табрик гуфтанд. 
Тибқи барнома муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим ва намояндагони Прократураи вилоят ва шаҳри Кӯлоб баромад намуда зимни баромадашон қайд доштанд, ки аз ҷониби мардум дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсӣ якдилона қабул гардидани Конститутсия, пеш аз ҳама, гувоҳи аз ҷониби халқи Тоҷикистон дастгири ёфтани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат буда, ба ҷаҳониён ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва анъанаҳои созандаю бунёдкорона доштани мардуми кишварро собит сохт. 
Инчунин дар идомаи конференсия Назарзода Пиралӣ д.и.с, профессор дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояи устувори Истиқлолияти давлатӣ», ҳуқуқшиноси донишкада Сайёдзода Ромин дар мавзуи «Аз таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Салимова Мариям донишҷӯи курси якум ихтисоси идораи давлатӣ ва ҳуқуқ дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи бунёди давлати миллӣ» бо маърузаҳои илман асоснок шуда баромад намуданд. 
Дар фарҷоми қисмати илмии чорабинӣ маросими қадрдонӣ сурат гирифт, ки ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Илм фуруғи маърифат»устод Ҳакимов Искандар ва ғолиби чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Маҳмадалиев Холмирзо,  устодон ва ғолибони озмуни донишкадавии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» бо ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати донишкада ва сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуданд. 
Дар фарҷоми чорабини аз тарафи бахши фарҳанги донишкада ба муносибати 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

6_6

8_3

9_1