Роҳбарият / Ректори донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
Шоҳиён Алмосшо Набот
Ректори донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
аз августи соли 2021 дар мансаби ректори Донишкадаи
технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
кор мекунад
Соли таваллуд: 26-августи соли 1965
Ҷои таваллуд: н. Муъминобод, деҳаи Лангар
Миллат: тоҷик
Маълумот: олӣ - соли 1987 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур)-ро хатм намудааст.
Ихтисос: муҳандис-механик
Унвони илмӣ: доктори илмҳои техникӣ, и.в.профессор, профессори фахрии Донишгоҳи давлатии техникии Уляновск ФР, 2024, муаллифи зиёда аз 40 мақолаи илмӣ, 2 китоби дарсӣ, 5 дастури методӣ ва 1 монографияи илмӣ, рисолаи докторӣ дар арафаи ҳимоя қарор дорад, муаллифи зиёда аз 22 адад патенти ихтироот дар соҳаи техника ва технология
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: - русӣ, англисӣ (бо луғат)
Ба мукофотҳои давлати сарфароз гардонида шудааст ё не: - Медали хизмати шоиста (2018),
Ба мукофотҳои соҳавӣ: - Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, (2003) аълочии маорифи ҶТ (2012), Ихтироъкори беҳтарини вилояти Хатлон дар соли 2011, Ифтихорномаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи раиси шаҳри Кӯлоб, Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон, Ифтихорномаи раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Медали хизмати шоиста, барандаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не - не
Ҳизбият – Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 4 фарзанд
Суроға: н.Муъминобод, деҳаи Лангар
Сафарҳои хориҷӣ: Дар давраи ба ҳайси муовини директор оид ба илм, инноватсия ва равобити хориҷӣ кор кардан ба кишварҳои Россия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Италия, Германия, Чехия дар доираи барномаҳои таълимии байналмилалии ТЕМПУС, ки аз ҷониби Иттиходи Аврупо маблағгузори карда мешавад дар чандин семинару конференсияҳо ширкат варзида, сазовори зиёда аз 20 сертификатҳои байналмилалӣ, инчунин дар густариши ҳамкориҳои судманд миёни таълимгоҳҳои олии Федератсияи Россия саҳми арзанда гузошта, дар масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани зиёда аз 2000 нафар донишҷӯёни тоҷик мусоидати комил намудааст. Дар рушду нумӯи Донишкада саҳми босазо дошта, дар ба даст овардани грантҳо, таъсиси парки инноватсионӣ-технологӣ ва марказҳои таълимӣ-тренингии Донишкада фаъолияти пурсамар дорад.
Кор ва собиқаи корӣ:
Солҳои 1982-1987- |
Донишҷӯи факултети механикунонии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур) |
Солҳои 1987-1988- |
Устои парки трактори №1, совхози «Аврора»-и н. Муъминобод |
Солҳои 1988-1990- |
Муҳандиси техникаи бехатарии совхози «Аврора»-и н.Муъминобод |
Солҳои 1991-1994- |
Муҳандиси хоҷагии «Лангар»-и н.Муъминобод |
Солҳои 1994-1998- |
Раиси хоҷагии деҳқонии «Насими Эмомаскара»-и н. Муъминобод |
Солҳои 1998-2000- |
Раиси хоҷагии деҳқонии «Лангар»-и н.Муъминобод |
Солҳои 2000-2004- |
Сардори шӯъбаи тайёрии филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш. Кӯлоб, (ФДТТК) |
Солҳои 2004-2006- |
Муовини директор оид ба масъалаҳои умумӣ |
Солҳои 2006-2009- |
Муовини директор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва ояндабинии ФДТТК |
Солҳои 2009-2012- |
Сардори Маркази илм, инноватсия ва таҳсилоти байналхалқӣ, ФДТТК |
Солҳои 2012-2015- |
Сардори Департаменти илм, инноватсия ва равобити хориҷии Филиали Донишгоҳи технологии Точикистон дар ш.Кӯлоб. |
Солҳои 2015-2019- |
Муовини директор оид ба илм, инноватсия ва равобити хориҷии ДТМИК |
Солҳои 2019-2021- |
Муовини директор оид ба инноватсия ва технологияҳои нави таълимотӣ |
Аз августи 2021 то ҳоло |
Ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб |
Роҳбарият