НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

 04.02.2025, 14:00:16     47


Санаи 4-уми феврали соли 2025 дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нишасти матбуотиро  ректори донишкада д.и.т., профессор Шоҳиён Алмосшо Набот, оғоз намуд.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ва наворбардорони ТВ иштирок доштанд. Аз ҷумла, Шӯъбаи иттилотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Радиои Хатлон, «Ҷумҳурият», «Ҳафтаномаи Пайк», «Новый Хатлон», «Ҳафтаномаи Омӯзгор», «Навиди Кӯлоб», «Азия Плюс», «Минбари халқ», «Садои мардум», «АМИТ Ховар», «Кулябская правда», «Хатлон», «Радиои «Озодӣ», «Бонувони Тоҷикистон», «Ваҳдатсаро», «Нақлиёт», «Баҳори аҷам», ТВ Тоҷикистон, ТВ Баҳористон, ТВ Сафина, ТВ Синамо, ТВ «Ҷаҳоннамо», ТВ Хатлон, ТВ Кўлоб, иштирок доштанд.

475984740_1144926377309757_6039051555136524224_n475492588_1144925663976495_883464057774918370_n

Баъдан миёни роҳбарияти ДТМИК ва рӯзноманигорон доир ба фаъолияти таълимӣ, самти корҳои илмӣ татқиқотӣ, равобити байналмилалӣ, тарғибот ва масоили иҷтимоии Донишкада,  ба ҷои кор таъмин гардидани хатмкунандагони Донишкада, ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатии шаҳр ва минтақаи Кӯлоб, ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии Хориҷи кишвар, кушода гардидани ихтисосҳои нави таълимӣ, заминаҳои таълимии ихтисосҳои мавҷуда, заминаҳои кадрӣ, иштироки донишҷўён дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи донои китоб аст», «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Илм – фурўғи маърифат», дастгирии унвонҷўён, интихоби муассиса тариқи маркази миллии тестӣ, хатми Донишкада бо дипломи аъло, саволу ҷавоб сурат гирифт.475990359_1144924810643247_6496003032438315819_n

Ба саволҳои хабарнигорон ректори Донишкада д.и.т., профессор Шоҳиён А.Н. посух дод.

Ҳамин тариқ, нишасти матбуотӣ дар фазои озод ва якдигарфаҳмӣ ташкил ва гузаронида шуд.