ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД БО ДОНИШГОҲИ ИЛМҲОИ ЗАМИНАВИИ АНХАЛТИ ҶУМҲУРИИ ОЛМОН

 30.11.2024, 13:45:41     149


Дар доираи шартномаҳои ҳамкории судманд бо Донишгоҳи илмҳои заминавии Анхалти Ҷумҳурии Олмон санаи 30.11.24 д.и.т., профессор Эдуард Сименс, профессори кафедраи электротехника, механика ва зеҳни сунъии Донишгоҳи Анхалт ба Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб ташриф овард.

DSC_00011211

 

  Дар доираи ин сафар бо ректори Донишкада д.и.т., профессор Шоҳиён Алмосшо Набот дурнамои ҳамкорӣ оид ба тайёр намудани мутахассиони касбии замони нав ва роҳбари намудан ба унвонҷўёну докторантон муло қоти судманд анҷом доданд.  Дар факултети и қтисодиёт ва зеҳни сунъӣ ба донишҷўёни ихтисосҳои зеҳни сунъӣ, таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ ва амнияти компютерӣ лексия гузарониданд.

DSC_0079DSC_0094

Илова ба ин дар толори фарҳангии донишкада бо иштироки муовини раиси шаҳри Кўлоб Ҳамидиён Орзў, Абдуразоқ Хуҷамқулов, мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи шаҳри Кӯлоб ва донишҷўёну кормандони донишкада вохўри доир гардид.  Дар ҷараёни мулоқот таъсиси таҳсилоти дуҷониба дар самтҳои зеҳни сунъӣ, системаи автоматикунонидашудаи идоракунӣ, электроника ва электротехника, амнияти компютерӣ ва инчунин ҳаракати академикии донишҷӯен, магистрантон ва докторантон муҳокима карда шуд. Эдуард Сименс ба иштирокчиёни чорабинӣ маълумоти донишгоҳи худро оид ба самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаи маориф пешниҳод намуд.  Аз ҷониби ректори донишкада ба Эдуард Сименс унвони профессори фахрии донишкада бо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.  Дар доираи ин сафар оид ба таъсиси факултети муштараки тоҷикӣ-олмонӣ ва таъсиси маркази омўзиши забони олмонӣ бо ҷалби олимони донишгоҳи мазкур пешниҳодҳо.

DSC_0119DSC_0128

Ў дар бораи имкониятҳои донишгоҳи худ ба иштирокчиён маълуоти мукаммал пешниҳод намуд.  Дар анҷоми сухан бо ифтихор дар бораи ҳамкориҳои суманди донишкада бо донишгоҳи мазкур омодагии хешро баён намуданд.    Инчунин мавсуф  қайд намуд, ки донишгоҳ омода аст дар чоп намудани мақолаҳо, китобҳои дарсӣ ва роҳбарӣ намудан ба унвонҷўёну доктораyтон кумаку мусоидат намояд.    

DSC_0140DSC_0084

 

DSC_0080DSC_0078