Шурои занон ва духтарон
Шуъбаи кор бо занон ва донишҷӯдухтарон
Шуъбаи кор бо занон ва донишҷӯдухтарон дар Донишкадаи менеҷменти технология ва инноватсия дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти худро дар асоси қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла "Қонуни маориф", нақшаи кории Шуъбаи корҳои тарбиявӣ, таблиғотӣ ва иҷтимоӣ, инчунин Оинномаи Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф ба роҳ мондааст.
Шумораи умумии донишҷӯдухтарон дар донишкада 628 нафар мебошад, ки аз онҳо:
- 411 нафар тибқи шартнома (пардохтӣ),
- 184 нафар дар асоси буҷавӣ (аз ҳисоби давлат),
- 3 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд.
Илова бар ин:
- 80 нафар донишҷӯдухтарон аз оилаҳои камбизоат,
- 63 нафар оиладор,
- 56 нафар дар хобгоҳи донишкада истиқомат мекунанд.
Аз шумораи умумии донишҷӯдухтарон:
- 166 нафар дар факултети муштараки тоҷикӣ-русӣ,
- 86 нафар дар факултети муҳандисӣ ва технология,
- 18 нафар дар факултети муҳандисӣ ва энергетика,
- 56 нафар дар факултети иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ,
- 248 нафар дар факултети зеҳни сунъӣ ва таҳсилоти фосилавӣ (аз онҳо 243 нафар шартномавӣ ва 5 нафар буҷавӣ),
- 30 нафар дар барномаи магистратура,
- 3 нафар дар барномаи докторӣ (ҳамаи онҳо тибқи квота).
Қобили зикр аст, ки дар миёни донишҷӯдухтарон:
- 5 нафар ятим,
- 56 нафар нимятим,
- 3 нафар маъюб ҳастанд.
Ҳамагӣ 56 нафар донишҷӯдухтар дар хобгоҳи донишкада зиндагӣ мекунад ва вазъи зисти онҳо ҳар рӯз аз ҷониби устодон ва муовинони декан оид ба корҳои тарбиявӣ назорат карда мешавад.
Айни замон, тақрибан:
- 68% кормандони соҳаи тандурустӣ,
- беш аз 73% мутахассисони соҳаи маориф,
- 27% муҳаққиқон,
- зиёда аз 23% кормандони соҳаи кишоварзӣ занонро ташкил медиҳанд.