Таърихи донишкада


Муассисаи давлатии таълимӣ «Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб » (минбаъд ФДТТК) мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 471 аз 25-уми октябри соли 2003 таъсис гардидааст.

Муассиси ФДТТК Вазорати саноат ва технологияхои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи самт (ихтисос) бо риояи меъёрҳои муайянкунанда ва санҷишӣ бо Иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 0001026 аз 29 феврали соли 2012 ба роҳ монда шуда буд.

ФДТТК, ҳамчун ҷузъи сохтори   Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хисобида шуда, фаъолияти худро дар системаи Вазорати  саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда буд. Дар раванди ҷараёни таълимӣ Филиал аз рӯи санадҳои меъёрии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Низомномаи худ, ки дар маҷлиси умумии устодон, донишҷӯён ва кормандони Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар суратҷаласаи № 6 аз 28 феврвли соли 2012  муҳокима ва тасдиқ гардидааст амал мекард.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2015 таҳти рақами №149 ба Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб табдил дода шудааст. Дар асоси ҳуҷҷати мазкур фармони ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 30.03.2015 таҳти рақами №36/ХУ интишор гардид, ки мувофиқи он Кумитаи ташкилӣ дар ҳайати 8 нафар таъсис дода шуд, барои дида баромадани масъалаҳои вобаста ба татбиқи Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ба расмият даровардани хуҷҷатҳо оиди муассисаи навтаъсиси давлатии таълимии «Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб». 

Донишкада дорои ЛИТСЕНЗИЯ бо нишонаи АУ таҳти  № 0001867 аз 29 феврали  соли 2012, №3/29 ноил шуда, ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 23 ихтисос дода шуд, ки  аз рӯи онҳо мутахассисон тайёр менамояд. Инчунин, тибқи мактуби Вазири маориф ва илми ҶТ аз 26.12.2014, №05/2 – 1348 дар нақшаи қабул тағйирот ворид карда шуд, яъне  8 ихтисоси нав вобаста ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи саноати нассоҷӣ, ки 3 ихтисоси он дизайн буд.

Дар умумият дар санаи 18.06.2015 дар сохтори Донишкада 4 факултет ва 9 кафедраҳо фаъолият намуда, 2113 нафар донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона, магистратура ва таҳсилоти фосилавӣ таҳсил менамуданд. Дар соли таҳсили 2014 - 2015 дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб дар умум 124 нафар ҳайати профессорону омӯзгорон ба фаъолияти педагогӣ машғул буданд.

Дар асоси Иҷозатномаи «Агентии  назорат  дар  соҳаи маориф ва  илми  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ бо нишонаи Т-ИФ таҳти № 0002579 аз 24 июни соли 2022 таҳти №160, бо фармоиши директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.06.2022, №364, дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 36 ихтисос иҷозати пешбурди фаъолияти таълимӣ дода шуд.