Раёсати муносибатҳои байналмиллалӣ


Бо мақсади амалӣ намудани наҳшаи байналмилаликунонии Донишкадаи технология ва менеҷменти ииноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва тайёр намудани мутахассисони болаёҳати  соҳаҳои техникию технологӣ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2023-2024 доираи ҳамкориҳои илмӣ – фарҳангиро бо донишгоҳҳои байналмилалии хориҷи кишвар хело густариш дод.

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб (ДТМИК) аз соли 2009 то ҳозир бо зиёда аз 45 донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия, 15 донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо, 12 донишгоҳҳои Ҷумҳурии Узбекистон, 8 донишгоҳҳои Мардуми Чин, ИМА ва дигар донишгоҳҳои хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки дар асоси он донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои зерин таҳсил карда истодаанд:

Оид ба тайёр намудани мутахассисон барои мамолики хориҷи дур (донишҷӯён, коромӯзон, аспирантон, докторантон) Донишкада сол то сол доираи ҳамкориҳои худро вусъат тоза бахшида истодааст.  Ҳамкории Донишкада бо хазинаҳои байналмилалӣ оид ба такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳия ва чопи китобҳо, маводҳои таълимӣ, дастрас намудани адабиётҳои таълимӣ ва техникаи ҳозиразамон ҳам амалӣ гардида истодааст.

Аз аввали соли таҳсили 2023-2024 Донишкада бо як ҳатор марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкориро бо фарогирии шаш самти асосӣ:

  1. Тайёр намудани мутахассисони касбии раҳобатпазир барои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ;
  3. Бурдани корҳои якҷояи илмӣ-татҳиҳотӣ: Таҳияи 10 адад лоиҳаҳои якҷояи илмӣ-инноватсионӣ ва дипломӣ;
  4. Таъсиси ихтисосҳои муштарак;
  5. Таҳия ва чопи якҷояи 10 адад китобҳои дарсии тахассусӣ дар якҷоягӣ бо олимони донишгоҳҳои ҳамкор.
  6. Гузаронидани конфронсҳои илмӣ-амалии байналмилалии муштарак, мизҳои мудаввар, симпозиумҳо, дарсҳо дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ;

Дар донишкада мактаби муштараки илмии тоҷикӣ-россиягии «Технологияҳои дурнамои илмиасос дар саноат, иҳтисодиёт ва комплекси агросаноатӣ» амал менамояд, ки роҳбарии онро аз ҷониби ФР профессор Суслов А. Г. ва аз ҷониби ҶТ д.и.т., профессор Иброгимов Х.И. ба уҳда доранд

Мактаби илмӣ татҳиҳотҳоро аз руи равияҳои зерини илмӣ ба роҳ монда аст:

  1. Технологияҳои илмиасос дар соҳаи технологияи мошинсозӣ.
  2. Технологияҳои илмиасос дар соҳаи саноати хӯрокворӣ.
  3. Технологияҳои илмиасос дар соҳаи саноати сабук.
  4. Технологияҳои илмиасос дар иҳтисодиёт.
  5. Технологияҳои илмиасос дар соҳаи информатика ва техникаи ҳисоббарор.
  6. Технологияҳои илмиасос дар соҳаи кишоварзӣ.

Ҷиҳати омода намудани мутахасисонаи соҳаи тиб дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда дар баробари ин барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён мутахасисон, омӯзгорони унвон ва дараҷаи илмӣ дошта аз муассисаҳои олии касбии Федератсияи Россия ҷалб гардида, тариқи маҷозӣ (онлайн), ба донишҷӯён дарс гуфта истодаанд.

Бо ибтикороти садорати факултети муштараки тоҷикӣ - россиягӣ ва технологияҳои дурнамои илмиасос ва кафедраи биохимияи тиббӣ ва фаъолияти дорусозӣ аз Донишгоҳи тиббии шаҳри Кемероваи Федератсияи Россия номзади илмҳои тиб Федорова Юля Сергееовна ба раванди таълим ҷалб гарида дар ихтисосҳои 1-31050103 химия (фаъолияти дорусозӣ), 1-31010105 биохимияи тиббӣ аз фанни фармокология тариқи онлайн дарс гузаронид.

Дар доираи ҳамкориҳои судманди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии аграрии шаҳри Кубани Федератсияи Россия курси омӯзиши барои омӯзгорон тариқи онлайн - бароҳ монда шуд.

Дар доираи курси "Иқтисодиёти рақамӣ" мавзуи "Зеҳни сунъӣ дар иқтисодиёт" аз санаи 20.11.2023 то 30.11.2023 аз тарафи н..и.и., дотсенти кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии аграрии шаҳри Кубани Федератсияи Россия мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Дар курси мазкур 14 - нафар омӯзгорон номнавис гардида аз курси мазкур бо супоридани имтиҳон тариқи онлайн гузаштанд.  Сертификати омӯзгорон дар вазъияти ҷаласаи тантанавӣ супорида шуд.

Дар факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ доктори илмҳои иқтисодӣ Шевченко Ю.С. аз фанни молияи корпоратсияҳо дар ихтисосҳои менеҷменти молиявӣ, молия ва қарз, баҳисобгирии бухгалтерӣ, сайёҳат ва меҳмондорӣ дарс гузврониданд. Санаи 23.11.2023 дар мавзуи "Арзёбии вазъи молиявии ташкилот", номзади илмҳои иқтисодӣ Улыбина Любовь Константиновна ба донишҷӯёни курси 3 ихтисоси 1 - 250104 молия ва қарз, Иваницкий Дмитриӣ Константинович доктори илмҳои иқтисодӣ дар мавзуи "Иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун низомӣ идоракунии хоҷагидорӣ" онлайн - дарс баргузор намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки роҳбарияти Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳибкасб аз ҳисоби омӯзгорон ва донишҷӯён тамоми татбирҳоро роҳандозӣ намуда ҳамкориҳоро бо донишгоҳои олии хориҷи кишвар дар сатҳи баланд бароҳ мондааст.

Ректори Донишкада муҳтарам Шоҳиён Алмосшо Набот санаи 04.11.23 намояндаи Донишгоҳи давлатии аграрии шаҳри Кубани Федератсияи Россия доктори илмҳои техникӣ, дотсент Степовой Артем Васильевич қабул намуда, оид ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия ёдовар ва изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сипас масъалаҳои таҳсили донишҷӯён дар зинаи бакалавр, магистратура ва докторантура, ташкили онлайн - дарсҳо, курсҳои омӯзиши барои омӯзгорон, таёр намудани мутахассисон дар соҳаи кишоварзӣ, таҳияи китобҳои соҳавӣ, ташкили конференсияҳои муштарак ва дигар  масъалаҳои мавриди бараси қарор дода шуд. Масъалаи мазкур аз тарафи ҳар ду ҷониб бо хушнуди қабул гардид.

Баъд аз мулоқот бо ректори Донишкада вохӯрии намояндаи Донишгоҳи давлатии аграрии шаҳри Кубани Федератсияи Россия доктори илмҳои техникӣ, дотсент Степовой Артем Васильевич бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин вохӯри шароити таҳсил ва имкониятҳои фароҳамовардашудаи Донишгоҳи мазкур тариқи видео ролик намоиш дода шуда саволу ҷавоб бо намояндаи мазкур сурат гирифт.

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат вобаста ба таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва рушди соҳаҳои саноат ҳайати расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва доираи соҳибкорон таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр бо ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот ба шаҳри Ҳунияи Ҷумҳурии Туркия аз 25.10.23 то 27.10.23 сафари расмӣ анҷом доданд.

Дар доираи сафари расмии Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ва ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот  бо маҳсади ба имзо расонидани шартномаҳои ҳамкори судманд бо донишгоҳҳои олии Туркия аз фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳунияи Ҷумҳурии Туркия, оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро зиёрат намуданд.

Дар доираи ин сафари кори раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ва ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот аз Донишгоҳи Каратайи шаҳри Қунияи Туркия боздид ба амал оварда бо роҳбарияти ин донишгоҳи бонуфуз мулоқоти судманд анҷом доданд.

Дар рафти мулоқот ҷиҳати омода намудани мутахассисони раҳобатпазири бозори меҳнат шартномаи ҳамкориро ҷиҳати таъсиси факултети муштараки тоҷикӣ - туркӣ дар фазои дустӣ ба имзо расониданд.

Инчунин дар рафти сафари расмӣ бо роҳбари Агентии кони Иҳсон мулоқот анҷом дода, дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба таъсиси маркази роботсозӣ ва корхонаи муштаракро мавриди барасӣ қарор доданд, ки тарафҳо бо хушнудӣ ҳабул намуданд.

Бо маҳсади иштирок дар Конференсияи байналмилалиии илмӣ-амалиро дар мавзуи «Равишҳои муосир ба азхудкунии муштараки технологияҳо ва имкониятҳои фазои кайҳонӣ дар таъмини рушди технологӣ, инноватсионӣ ва раҳамикунонии истеҳсолот дар ҳошияи амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат» рӯзҳои 22-23-юми декабри соли 2023 олимон:

  1. Манько Ольга Михайловна — д.и.тиб., профессор, ходими пешбари илмӣ, роҳбари гуруҳи илмии «Физиология ва психофизиологияи биниш», Маркази давлатии илмии РФГ - Институти проблемаҳои Академияи илмҳои Россия;
  2. Битус Евгений Иванович – д.и.т., профессори, коршиноси байналмилалӣ оид ба кор бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СҲШ ва Иттиҳоди Аврупо, Донишгоҳи биотехнологии Россия, ФР, профессори фахрии ДТИМК;

ба донишкада ташриф оварданд ва дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи мазкур баромад намуданд.   Инчунин дар бахшҳои конференсия бо иштироки омӯзнгорону донишҷӯён дарс гузарониданд.  Хотиррасон намудан лозим аст, ки дар конференсия 7 ректор аз донишгоҳҳои олии ФЕдератсияи Россия ва Ҷумҳурии Узбекистон бо сухани табрикотӣ баромад намуданд. Инчунин 8 нафар иштирокчиён аз донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар дар конференсия сухани табрикотӣ намуданд. 

Ҳамкориҳои Донишкада бо Донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Узбекистон

Дар асоси сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-11 июни соли 2021 ва муҳаррароти Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм чунин иттилоъ медиҳем, ки айни ҳол бо 11 донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Узбекистон ва 1 Академия:

  1. Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ба номи Муҳаммад Ал-Хоразмӣ;
  2. Донишкадаи химико-технологии Тошканд;
  3. Донишгоҳи давлатии Ургенч;
  4. Донишкадаи муҳандисӣ-технологии Намангон;
  5. Филиали Донишгоҳи давлатии Термиз дар Деҳинав;
  6. Донишкадаи иҳтисод ва хизмати Самарҳанд;
  7. Академияи Маъмунаи Хоразми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон (меморандум);
  8. Донишгоҳи давлатии Фарѓона;
  9. Донишгоҳи давлатии энергетикии Тошканд;
  10. Донишгоҳи давлатии Самарҳанд ба номи Шароф Рашидов;
  11. Донишгоҳи давлатии Бухоро;
  12. Донишгоҳи давлатии иҳтисодии Тошканд;

шартномаҳои ҳамкории судмандро ба имзо расонидем, ки дар доираи ин шартномаҳо корҳои илмӣ-инноватсионии татҳиҳотии муштарак, роҳбари ба унвонҷӯён, иштирок дар чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ, мизҳои мудаввар, конфронсҳо ва нашри китобҳои илмии муштарак хуб ба роҳ монда шуда истодааст.

Маълумотнома оид ба ҳамкориҳои судманди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии мардумии Чин дар доираи ҳамкориҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ)

Бо мақсади рушд ва таҳкими ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо Донишгоҳи Донхуа (Шанхай) ва Донишгоҳи Нормали Фуҷиан, (Фуҷоу) бо назардошти робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ, инчунин созишномаи байни Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, ки ҳадафи дастгирӣ ва рушди муносибатҳои тарафайн ва баробарӣ мебошанд, ба имзо расонида шудааст.  Инчунин дар доираи ин шартномаҳо мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон, мубодилаи иттилоот дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ ва технологӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва тайёр кардани кадҳои омӯзгорӣ барномаҳои муштараки тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои таълим, инчунин баргузории конфронсҳо, симпозиумҳо, мизҳои мудавар ва ташкили намоишгоҳҳо дар назар дошта шудааст. 

Бояд иброз намуд, ки бо Коллеҷи касбию техникии Аньяни вилояти Ҳенан ҳамкориҳо оид ба таъсиси Маркази омӯзиши забонҳои чинӣ ва англисӣ рафта истодаанд ва дар назар аст, ки аз аввали соли таҳсили 2023-2024 дар Донишкада маркази мазкур таъсис дода мешавад.  

Бо даъвати расмии раёсати Донишкада аз Донишгоҳи мазкур на санаи 25.09.23 намояндагон бо сафари расмӣ ташриф оварданд.  Дар доираи ин сафар бо раёсати Донишкада вохӯрӣ намуда, оид ба ҳамкориҳои муштарак дар омодагии худро иброз намуданд.

Ҳайд намудан ҷоиоз аст, ки санаи 29.12.23 вохӯри бо намояндагони 2 донишгоҳи Хенан видеоконфронс дар шакли маҷозӣ доир гардид, ки дар он намояндагони 2 донишгоҳ бо ҳайати раёсат суханронӣ намуданд.  Ҷонибҳо омодагии худро ҷихати хамкориҳои илмӣ дар самтӣ тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи гуногуни аз ҷумла саноати хӯрока, тиб ва зеҳни сунъӣ иброз намуданд.  Тарафҳо ба мувофиҳа расиданд, ки моҳи марти соли 2024 раёсати Донишкадаро барои ба имзо расонидани шартномаҳои ҳамкорӣ даъват менамоянд.  Инчунин онҳо ҷавобан моҳи апрели соли 2024 ба донишкада ташриф меоранд.   

Барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ЭРАСМУС+, ТЕМПУС

Раёсати Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб барои ширкати фаъолона дар ҷалб намудани сармоягузорони хориҷӣ ва дарёфти грантҳо ба як ҳатор дастовардҳое ноил гашт, ки ба ин мисол шуда метавонад лоиҳаи Аврупоии ЭРАСМУС+ TEMPUS.  Бояд ҳайд намуд, ки Донишкада аз оѓози фаъолияти худ то ҳозир доираи ҳамкориҳои байналмилалии худро васеъ намуда, бо Иттиҳоди Аврупо шартномаҳои ҳамкории судманди худро ба имзо расонид.  Айни ҳол татбиҳи лоиҳаи:

Сармоягузор ва давлати татбиҳкунандаи лоиҳа

Номи лоиҳа

Солҳои татбиҳи лоиҳа

1.

Иттиҳоди Аврупо, Лоиҳаи ЭРАСМУС+ , Ҳамоҳангсози лоиҳа Донишгоҳи илм ва хаёти Латвия

OFINU (Донишгоҳи инноватсионии кушодаи хӯрока)

2024-2027

аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ шудааст.  Дар давоми нимсолаи аввали соли таҳсили 2023-2024 оид ба ворид намудани ҳуҷҷатҳои лозимӣ ба сомонаи расмии ERASMUS+ корҳо анҷом дода шуданд.  Лоиҳаи мазкур аз оѓози соли нави 2024 расман ба фаъолият шуруъ менамояд.  Маҳсади лоиҳаи мазкур дар парки инноватсионӣ-технологии Донишкада таъсиси маркази консервакунонӣ бо тамоми таҷҳихоти озмоишӣ мебошад.  Инчунин таҳия ва гузаронидани курсхои омӯзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад.  Лоиҳа як намуди нави ҳамбастагии байни таҳсилоти олӣ, бахши тиҷорат (саноати хӯрокворӣ) ва бозори меҳнатро ба вуҷуд оварда, ба ин васила барои рушди равиши инноватсионӣ, ки барои иқтисодиёти ба дониш асосёфта зарур аст, замина фароҳам меорад. Бо татбиқи равиши инноватсионӣ – Донишгоҳи инноватсионии кушодаи хӯрока – дар он донишгоҳҳо ва бахши соҳибкорӣ якҷоя дониш эҷод мекунанд, салоҳиятҳо ва малакаҳоро барои таҳсил дар вақти пурра ва дигар шаклҳои таҳсил дастрас месозанд, сифат, дастрасӣ ва мувофиқати таҳсил ба ниёзҳои бахшҳои мавриди ҳадаф афзоиш меёбад.     

Таклифу пешниҳодҳо

Таъсиси шӯрои илмии муштарак дар ҳамкорӣ бо профессорон аз донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Узбекистон ва Федератсияи Россия;

  1. Ҷалби довталабон барои ҳабул ба Донишкада аз шаҳрвандони хориҷи кишвар;
  2. Татбиҳи лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионии муштарак;
  3. Дарёфти бурсиҳо ва грантҳои Иттиҳоди Аврупо ЭРАСМУС+ барои таҳсили донишҷӯён ва бозомӯзии касбии кормандони донишкада;
  4. Такмили ихтисоси кормандони донишкада дар доираи фанҳои табиатшиносӣ, даҳиҳ ва риёзӣ;
  5. Ҷалби профессорон аз донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар барои хондани лексияҳо дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ;
  6. Таъсиси Маркази омӯзиши забони чинӣ ва англисӣ дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии мардумии Чин;
  7. Бо маҳсади баланд бардоштани нуфузи (рейтинги) донишкада дар сатҳи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳо аз аккредитатсияи байналмилалӣ вобаста ба талаботи рӯзмарра;
  8. Идома додани ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Узбекистон, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов ҷиҳати дифои рисолаҳои илмӣ;
  9. Дарёфти сарчашмаҳои маблаѓгузорӣ дар ҳамкори бо JICA, GIZ, UNDP ва сафорату идораҳои дахлдори кишварҳои хориҷе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд;

Рӯйхати кормандон

Ному насаб

Вазифа

1

Абдуллозода Ҳабибулло Абдулло 

Сардори Раёсати МБ

2

Ниёззода Беҳруз Зафар

Муовини сардори Раёсати МБ

3

Одинаева Тоҷинисо Шамсидинова 

Сар-нозир ҳамоҳангсози барномаҳои байналмилали