Марказҳо / Маркази комютерӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
Маркази технологияҳои компютерӣ ва 25-уми октябри соли 2003 таъсис ёфтааст. Марказ фаъолияти худро аз рӯи нақшаи кории аз ҷониби Проректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ тасдиқ гардида, ба роҳ мондааст. Маркази технологияҳои компютерӣ дар самти ташаккули технологияҳои иттилоотӣ-комуникатсионии равандаи таълим саҳми назарас дорад.
Секторҳои Маркази технологияҳои компютерӣ:
- Сектори танзими техникӣ;
- Сектори таъминоти барномавӣ
- Сектори хизматрасонии шабакаҳои компютерӣ ва интернет;
Вазифаҳои Маркази технологияҳои компютерӣ:
- Таъмин намудани воситаҳои техологияҳои иттилоотӣ барои тамоми сохторҳои таркибии донишгоҳ;
- Аз ташхиси даврии техникӣ гузаронидани воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
- Иҷро намудани таъмири ҷории воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
- Таъмини барномавии воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
- Аз худ намудан ва ҷорӣ кардани технологияҳои навини иттилоотӣ дар раванди таълим;
- Таъмин намудани ҳолати кории шабакаи умумидонишгоҳӣ ва шабакаи Интернет;
- Ташкил намудани тренинг ва семинарҳо оид ба омӯзиши кор бо воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ намудани технологияҳо ва барномаҳои навин;
- Пешниҳод намудани хизматрасониҳои техникаи иттилоотӣ;
- Таъмин намудани бехатарии иттилоотӣ;
- Ташкил ва таъмин намудани кори системаи назорати видеоӣ дар ҳудуди донишгоҳ;
- Ташкил ва батанзимдарории курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзии касбӣ;
Сохтори идоравии марказ
- Сектори танзими техникӣ
- Сектори таъминоти барномавӣ
- Сектори хизматрасонии шабакаҳои компютерӣ ва интернет
- Озмоишгоҳи таъминоти барномавии воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ
- Озмоишгоҳи муҳандисии компютерӣ ва барномавӣ
Дастовардҳо
Маркази технологияҳои компютерӣ дар самти таъмин бо технологияҳои мултимедӣ ва воситаҳои дигари муосири таълими саҳми хеле калон дорад. 7 синфхонаи компютерӣ; азнавсозии сайти донишгоҳ бо тарҳи нави замонавӣ; ташкил ва ба кор андохтани барномаи автоматикунонидаи қабули имтиҳонҳо ба тариқи тестӣ; компютери «new-test»;
- дар самти тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи ТИК , ки мунтазам кормандони марказ дар семинару тренингҳои аз ҷониби ин марказ гузарондашуда фаъолона ширкат варзида, маҳорат ва малакаи касбии худро сайқал медиҳанд.
ҲАЙАТИ КОРМАНДОН
Сафаров Сафаралӣ Ҳусайнович Вазифа – Сардори марказ Ихтисос – муҳандис – системотехник Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ. |
|
Зоиршоҳи Пулод Вазифа – Нозири техники Ихтисос – мухандис - энергетик Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ , англисӣ , бо луғат |
|
Давронӣ Бозоралӣ Вазифа – Нозир Ихтисос – Муҳандис - барномасоз Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ , англисӣ , бо луғат |
|
Худоева Лалмо Вазифа – Нозир Ихтисос – Молия ва қарз Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ , англисӣ , бо луғат
|
Марказҳо