ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

 22.11.2024, 14:20:42     6


Дар 33 соли соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд.

Санаи 22 – ноябри соли равон дар толори донишкада конференсияи илмӣ – назариявӣ ва фарҳангӣ таҳти унвони ««ПАРЧАМИ МО – ҚУДРАТУ НЕРӮ ВА РАМЗИ ПЕШРАВИЮ ШУКУФОИИ КИШВАР» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, сармуҳарири рузномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» Одинаева Ситора, Салими Хатлонӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ҷанговари башардӯст, профессори фахрии донишкада Бахтиёр Раҳмонов, олимону устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

рохбарият

Чорабиниро ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ, дотсент муҳтарам Шоҳиён Алмосшо Набот оғоз бахшида қайд доштанд, ки парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд. Имсол мо Рӯзи Парчами давлатиро дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон воқеан таърихӣ 33- солагии истиқлолу озодии Ватанамон таҷлил мекунем.

Дар идомаи суханронии хеш ҳамаи иштирокдоронро ба ифтихори санаи муҳимми таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта орзумандем, ки парчами давлатии Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамоӣ созад.

Инчунин муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳозиринро табрик гуфта аз парафшонии парчами давлатӣ дар қатори дигар парчамҳои давлатҳои дунё суханрони намуданд.

хамидиёнхакназар_1

 

Инчунин дигар баромадкунандагон дар ҳошияи парчами давлатӣ баромад намуданд. Зимни баромади баромадкунандагон гуфта шуд, ки тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангиро бо аксари кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монданд.

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.

Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.

Воқеан, дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад.

Бинобар ин, дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.

Баъд аз шунидани баромади баромадкунандагон барномаи фарҳангии омоданамудаи бахши фарҳангӣ донишкада пешкашӣ ҳозирин гардонида шуд.

хамахамаги