Роҳбарият / Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот


Қурбонзода Бобохон Давлат

Қурбонзода Бобохон Давлат

Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот

13 феврали соли 1970 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. номзади илмҳои техникӣ, дотсент.

Маълумот: олӣ. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи Федоролии Қафқози Шимолӣ, 2016

Ихтисос: муҳандис-механик., идоракунӣ дар соҳаи маориф

Қурбонзода Б.Д. дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст:

Механики таҷҳизоти Ширкати Trutzchler (Олмон) дар корхонаи ресандагии “Кӯлоб-текстайл” (2001-2004). Ассистенти кафедраи “Фанҳои умумикасбӣ ва муҳандисӣ” дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб (2004-2008). Мудири озмоишгоҳи нассоҷӣ дар кафедраи “Фанҳои умумикасбӣ ва муҳандисӣ” дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб (2008-2009). Муаллими калони кафедраи “Фанҳои умумикасбӣ ва муҳандисӣ” дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб (2009-2010). Мудири озмоишгоҳи нассоҷӣ дар кафедраи “Технологияи саноати сабук” дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб (2010-2015).Сардори шуъбаи таълим ва идораи сифати таҳсилот дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб (2015-2020). Сардори раёсати таълим ва идораи сифати таҳсилот дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб (2020-2023). Аз 17 январи соли 2023 то ҳоло, дар вазифаи муовини аввали ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инновасионӣ дар шаҳри Кӯлоб кору фаъолият дорад.

Муаллифи зиёда аз 80 асари илмию таълимӣ, 3-нахустпатенти ихтироот ва нашрияҳои сершумор мебошад.

Мукофот ва қадршиносиҳо: Ифтихорномаи кумитаи иҷрояи шурои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, 2010, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони аълочии маориф ва илми Тоҷикистон 2019, Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон барои меҳнати пурсамар ва дастовардони шоён дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, 2022.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.


Роҳбарият