Хабарҳо


ВОХӮРИИ ШОҲИЁН АЛМОСШО НАБОТ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК, КИ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ УЛЬЯНОВСК ТАҲСИЛ ДОРАНД

Зимни сафари кории хеш санаи 06.02.2024 ректори Донишкади технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Набот дар Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Ульяновск бо донишҷӯёни тоҷик сӯҳбат анҷом дод. Дар баромади хеш иброз дошт, ки таҷрибаи мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки масъалаи ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва дар меҳвари асосии роҳбариашон қарор дорад.
ХОНИШИ СИЁСӢ: ҶАВОНОН, ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Санаи 06.02.2024 тибқи нақша чорабиниҳои донишкада бо мақсади барасии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ» дар байни донишҷӯёни бахши якуми факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
ПРОФЕССОРИ ФАХРИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ УЛЬЯНОВСК

Дар доираи сафари кории хеш ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Набот дар  ҷаласаи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии техникии Ульяновск иштирок намуда ба хотири саҳми ӯ дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос барои Тоҷикистон, кори роҳнамоии касбӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои ...
КУРСИ ОМӮЗИШИИ «ЗАБОНИ АНГЛИСӢ»

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола, ки 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид соҳаи маориф ва илмро яке аз самтҳои муҳимтарин ва афзалиятнок дар сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёби карда, ба омӯзиши забони хориҷӣ бори дигар диққати ҷиддӣ дода хотирнишон намуданд, ки ҳар як ҷавони тоҷик бояд ҳадди ақал ду забони хориҷиро мисли забони модариаш хуб донад.
КУРСИ ОМӮЗИШИИ «ЗАБОНИ РУСӢ»

Бо мақсади иҷрои Паём ва Барномаи давлати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар донишкада нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шуда курсҳои омӯзишии «Забони русӣ», «Забони англисӣ», «Технологияи иттилоотӣ» дар байни омӯзгорону кормандон роҳандози карда шуда бо ҷалби васеъи коллективи меҳнатӣ ҳама рӯза идома дорад. 
ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ТЕХНОЛОГ» ДАР ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИ ҲИЗБӢ ДАР СОЛИ 2023« САЗОВОРИ ҶОЙИ II ГАРДИД!

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти кумитаи иҷроия дар соли 2023 санаи 19.01.2024 натиҷагирӣ карда шуд.
ХУШХАБАР!!!

Санаи 13.01.2024 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-012 - и назди Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии Шарипова Дилором Мусафоқуловна унвонҷӯи кафедраи иқтисодиёти Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доир гардид. 
ПАЁМ - РОҲНАМО ВА ТАШАККУЛДИҲАНДАИ ҶАНБАҲОИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ МАМЛАКАТ

Санаи 9 январи 2024 дар Донишкадаи технлогия ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб чорабинии илмӣ дар мавзуи «Паём - роҳнамо ва ташаккулдиҳандаи ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат» баргузор гардид. 
ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ТЕХНОЛОГ» -И ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Тибқи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Технолог» дар соли 2023 натиҷагирӣ карда шуд. 


Flag Counter