АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ: МО ҶАВОНОН ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО БО ҲАМА ЗУҲУРОТАШ МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

 17.02.2024, 15:03:16     309


Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сар карда аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор, саҳм гузорем, риояи ҳетмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем. Зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Департаменти тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб санаи 17.02.2024 дар доираи соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025, лоиҳаи илмӣ - таҳқиқотӣ: «Таҳқиқи хусусиятҳои сотсиологӣ ва таърихии муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар шароити имрӯза» аксияи иттилоотӣ: «Мо ҷавонон терроризм ва экстремизмро бо ҳама зуҳуроташ маҳкум менамоем» дар кучаву хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб баргузор намуд.

Мақсади муҳими дигари ин аксия аз он иборат буд, ки ҳар як шаҳрванд бояд донад, ки терроризм ва экстремизм чист, террористону экстремистон чигуна ҷавонону шахсони ноогоҳро бо макру фиреби худ ба доми ифротгароӣ ҷалб менасоянд, онҳоро чи тавр метавон шинохт, дар сомонаҳои интернети чигуна метавон шахсони шубҳанок ва саҳифаҳои ифротӣ огаҳ ёфт чи кор бояд кард то ба шахс ба доми он наафтад.

Шаҳрвандон барои ташкили чунин аксия изҳори сипосу минадорӣ баён намуданд.

АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ: МО ҶАВОНОН ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО БО ҲАМА ЗУҲУРОТАШ МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ: МО ҶАВОНОН ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО БО ҲАМА ЗУҲУРОТАШ МАҲКУМ МЕНАМОЕМ