WOMEN AND THE DEVELOPMENT OF MODERN SCIENCE

 17.02.2024, 15:10:46     337


Зери ин ном санаи 15 - феврали соли ҷорӣ дар китобхонаи илмии донишкада бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, муовини ректор оид ба тарбия н.и.п Холматова Мумина фаъоломӯзгорону донишҷӯдухтарон конференсияи илмӣ - назаривӣ дар ҳошияи Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм баргузор гардид.

Конфедератсияи мазкур бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.

Зимни баргузории конференсия муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо дар ҳошияи мақому манзалати занон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар суханрони намуда дар суханронии хеш қайд доштанд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём нақши занону бонувонро дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия кардани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки занону бонувони мо барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат дар баробари мардон хизмати софдилона мекунанд.

Маҳз бо дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат дар Тоҷикистони азизамон мақому манзалати зан баланд бардошта шуд ва ин ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлат мо - занонро водор месозад, ки баҳри ободиву пешрафт ва таррақиёти рӯзафзуни кишвари азизамон аз таҳти дил ва садоқатмандона хизмат намоем.

Тибқи барномаи конференсия муовини ректор оид ба тарбия н.и.п Холматова Мумина дар мавзуи "Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа", Назарова Рухшона мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷӣ "Мақому манзалати зан - модар аз нуқтаи назардиди Пешвои миллат" маърузаи илмӣ намуданд.

Дар идомаи кори конференсия иштирокчиён дар ҳошияи мавзуи мазкур ибрози андеша намуданд.

Конференсияи мазкур аз як бахш бахши Занон ва илми муосир иборат буд, ки дар ин бахш 11 маърӯзаи илмии омӯзгорон шунида шуд.

4444

222