Хабарҳо


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Дар 33 соли соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд.
НАҚШИ МОНДАГОРИ ИҶЛОСИЯИ XVI – ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Таҳти ҳамин ном дар толори Донишкади технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси садорати факултети муҳандисӣ - технологӣ конференсияи илмӣ - назариявӣ баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот, муовинони ректор, мудирони кафедраҳо, роҳбарони раёсату марказҳо ва шуъбаҳо омӯзгорону донишҷӯён васоити ахбори омма иштирок намуданд.
ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ – ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 32 – СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI – ШӮРОИ ОЛИИ ТАҚДИРСОЗ

Дар чорабинии мазкур узви раёсат ва Кумитаи иҷроия муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии Иҷлосияи XVI – Шӯрои Олӣ, директори телевизиони Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ, Ситора Одинаева – сармуҳарири газетаи “Ҳақиқати Қӯлоб”, Бахтиёр Раҳмонов – профессори фахрии Донишкада иштирок намуданд.
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА ТАЪМИНОТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Дар доираи истиқбол аз 30 - солагиии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб конференсияи илмӣ назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
ПЕШВОЗИ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА САМБО ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Санаи 28.10.2024 муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, муовинони ректор, устодону донишҷӯёни Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар назди муҷассамаи Модар чемпиони ҷаҳон аз руи намуди гуштини самбо миёни собиқадорон Маҳмадалиев Холмирзо бо гулу гулдаста дар фазои тантанавӣ пешвоз гирифтанд.
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ «РУШДИ ТАФАККУРИ ТЕХНИКӢ, ЭКОЛОГӢ ВА НЕРӮИ ЗЕҲНӢ ДАР ТАШАККУЛ ВА ПЕШРАФТИ СОҲАҲОИ ГУНОГУНИ САНОАТИ КИШВАРҲО»

Санаи 25 октябри соли равон дар ҳошияи амалии эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020-2040 дар донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «РУШДИ ТАФАККУРИ ТЕХНИКӢ, ЭКОЛОГӢ ВА НЕРӮИ ЗЕҲНӢ ДАР ТАШАККУЛ ВА ПЕШРАФТИ СОҲАҲОИ ГУНОГУНИ САНОАТИ КИШВАРҲО» баргузор гардид. Дар кори конференсия олимону донишмандон иштирок намуданд.
ОНЛАЙН - ДАРС: ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГИИ ЭКСТРЕМИЗМ, ДЕТЕРМИНАНТҲО ВА ПЕШГИРӢ

Дар асоси нақшаи - чорабиниҳои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб оид ба соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025, лоиҳаи илмӣ - таҳқиқотӣ: «Таҳқиқи хусусиятҳои сотсиологӣ ва таърихии муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар шароити имрӯза» дар ҳамкори бо Донишгоҳи давлатии аграрии Кубани Федератсияи Россия санаи 21.10.2024 дар факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ онлайн - дарс дар мавзуи болозикр баргузор гардид.
ОНЛАЙН - ДАРСҲО БО ҶАЛБИ ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСАҲОИ ОЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ 

Ҷиҳати омода сохтани мутахасисонаи соҳаи тиб дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда дар баробари ин баҳри баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён мутахасисон, омӯзгорони унвон ва дараҷаи илмӣ дошта аз муассисаҳои олии касбии Федератсияи Россия ҷалб гардида тариқи онлайн (маҷозӣ), ба донишҷӯён дарс гуфта истодаанд.
ХОНИШИ СИЁСӢ: ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН АЗ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ

Дар асоси нақшаи - чорабиниҳои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб оид ба соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025, лоиҳаи илмӣ - таҳқиқотӣ: «Таҳқиқи хусусиятҳои сотсиологӣ ва таърихии муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар шароити имрӯза»  хониши сиёсӣ дар байни донишҷӯёни факултети муҳандисӣ - энергетикӣ санаи 19.10.2024 соати 10:00 баргузор гардид.


Flag Counter