Кафедраҳо / Мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ


Усмонов Саймурод Дустмуродович

иҷрокунандаи  Мудири кафедраи «Мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ»

Кафедраи   мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ

Кафедраи   «Мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ»   аз рӯзҳои аввали таъсисёбии донишкада, яъне аз соли 2004 фаъолият менамояд.

Кафедраи Мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ аз давраи таъсисёбии филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш. Кӯлоб (ФДТТК) соли таҳсили 2010-2011 то ин ҷониб бо номҳои гуногун арзи вуҷуд дошт.

Тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ таҳти №149 аз 13 марти соли 2013 филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш. Кӯлоб (ФДТТК) ба муассисаи таълимии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб (ДТМИК) табдили ном намуд.

ДТМИК аз оғози таъсисёбиаш то давраи ҳозира фаъолияти пурсамар намуда рушду нумӯъ ва талаботи ҷомеа ба техника ва технологияи нав зиёд гардида, миқдори соатҳои таълимӣ низ бо майлон афзуда, шумораи донишҷӯёни бахши ихтисосҳои техникӣ низ зиёд гашт.

Дар кафедраи Мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ соли таҳсили 2021-2022 ҳайати устодони бо теъдоди 20-нафар: 2-нафар дотсент; 10-нафар-саромӯзгор 8-нафар ассистентро ташкил медиҳад. 

Дар кафедра 73- фан мавҷуд мебошад, аз ин 7-фан ба ихтисоси 1-52020101; «Технология ва таҷҳизотҳои маҳсулотҳои заргарӣ», 21-фан ба ихтисоси 1-360101 «Технологияи мошинсозӣ» ва 38-фан ба ихтисоси 1-54010105 «Метрология, стандартизатсия ва сертификацияи самти хӯрока», 4 фан ба ихтисоси 1-380202 «Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ   ва тиббӣ», 3 фан ба ихтисоси 1-360901 «Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсоли маводи хурока» вобаста таълим дода мешавад. Ҳамаи омӯзгорони кафедра аз рӯи нақшаи инфиродӣ ва таълимӣ, илмӣ-методӣ, тарбиявӣ, силлабусҳо ва барномаҳои кории худро тибқи нақшаҳои стандартии таълим, ки онро раёсати донишкада бо Вазорати маориф ва илми ЧТ мувофиқа намуданд, кору фаъолият менамоянд. Собиқаи кори устодони кафедра дар мактаби оли аз 1-сол то 45-солро ташкил менамоянд. Устодони кафедра Шоев А.Н. дар фаъолияти педагогии худ зиёда аз 10-китоби дарсӣ, 16-дарстури методӣ, 90 мақола, Усмонов С.Д. 3-китоб, 6-дастури методӣ, 10 мақолаи илмӣ, Устоев Ф.А. 4-дастури методӣ, 7-мақола таҳия ва ба чоп расониданд.

Ҳар сол робитаҳои байналмилалии кафедра бо муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар сол то сол густариш меёбад. Кафедра ҳамчун тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба воситаи матбуот ва телевизиони баромад карда, мазмуну муҳтавои мулоқоту вохӯриҳо, паёму суханрониҳои Президенти мамлакатро ба мардум мефаҳмонанд. Мисоли ин гуфтаҳо – ин ҳимояи рисолаи номзадии аспиранти кафедра – Ситамов Э.С. дар шаҳри Камсомолски на Амуре Федератсия Россия мебошад. Дар ин кор хизмати устодону олимони кафедра: Шоҳиён А.Н., Исоев У.П., Ситамов Э.С., Усмонов С.Д., Устоев Ф.А., Шамсов А.Н., Абдуллоев А.С. ва дигарон назаррас аст.  

Аз тарафи устодони зерини кафедра чунин адабиётҳои техникӣ таҳия ва чоп шуданд:

  • Тилоев С., Исоев У.П., Шоев А.Н. «Масоили супоришот барои иҷрои кори курсӣ аз кинематика»-Душанбе- 2009.
  • Тилоев С., Исоев У.П., Шоев А.Н. «Масоили супоришот барои иҷрои кори курсӣ аз статика»-Душанбе- 2010.
  • Тилоев С., Исоев У.П., Шоев А.Н. «Масоили супоришот барои иҷрои кори курсӣ аз динамика»-Душанбе- 2011.
  • Суслов А.Г., Шоев А.Н., Усмонов С.Д. «Технологияи   мошинсозӣ»-Душанбе- 2016.
  • Суслов А.Г., Шоев А.Н., Усмонов С.Д. «Асосҳои технологияи   мошинсозӣ» -Душанбе- 2019.
  • Б.Я. Моркирский, Е.В. Безулукова, Э.С. Ситамов Э.С. Применение покрытий для создания инструментальных материалов. Комсомольск-на Амуре 2019.
  • Шоев А.Н., «Рақобатпазирӣ» - Душанбе- 2020.
  • Шоев А.Н., Исоев У.П., Усмонов С.Д. «Ҷузъи мошинҳо»-Душанбе- 2022.
  • Б.Я. Маркерский, Э.С. Ситамов Э.С. Концептуальные проблемы разработки и упрочнения лезвийного металлорежущего инструмента. М., КНОРУС – 2022.

 

Ҳайати кормандони кафедра

Шоҳиён Алмосшо Набот

Ректори донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб.

Ихтисос: муҳандис – механик.

Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ.

Унвони илм: профессор.

Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ.

Усмонов Саймурод Дустмуродович

Саромӯзгори кафедраи «Мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ».

Ихтисос: муҳандис – механик.

Дараҷаи илмӣ: надорад.

Унвони илм: надорад.

Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисро бо луғат.

Фазои илмӣ: Баланд бардоштани самаранокии тозакунии сатҳи мошинҳои кишоварзӣ тавассути моъеи фаврааш баланд.

Исоев Умар Пирназарович.

Мушовири илмии кафедраи «Мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ».

Ихтисос: муҳандис -  механик.

Дараҷаи илмӣ: н.и. техникӣ.

Унвони илм: дотсент.

Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ.

Фазои илмӣ: надорад.

Шамсов Абдуразоқ  Наҷмуддинович

Саромӯзгори кафедраи «Мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ».

Ихтисос – муҳандис-  механик.

Дараҷаи илмӣ- надорад.

Унвони илм – надорад.

Кадом забони хориҷиро медонад - русӣ, англисро бо луғат.

Фазои илмӣ – надорад.

 

Устоев Фурқат Азратқулович.

Саромӯзгори кафедраи «Мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ».

Ихтисос: муҳандис – технолог.

Дараҷаи илмӣ: надорад.

Унвони илм: надорад.

Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисро бо луғат.

Фазои илмӣ: Проблемаи иқтисодии стандартизатсия ва сертификатсияи маҳсулотҳои консервашуда аз растаниҳои хушбуйкунанда дар   ҳошияи таъмини бехатарии озуқаворӣ дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Абдуллоев Абдуқаҳор Саторович.

Саромӯзгори кафедраи «Мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ».

Ихтисос: муҳандис – гидротехник.

Дараҷаи илмӣ: надорад.

Унвони илм: надорад.

Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисро бо луғат.

Фазои илмӣ: надорад.

Набиев Раҳматулло Нусратуллоевич.

Ассистенти кафедраи «Мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ».

Ихтисос: муҳандис – механик.

Дараҷаи илмӣ: надорад.

Унвони илм: надорад.

Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисро бо луғат.

Фазои илмӣ: Кор карда баромадани  технологияи истеҳсоли полоишҳо барои муҳаррикҳои автотракторӣ ва тоза кардани об, дар асоси масолеҳои бетору пуд аз партовҳои пашм ва пахтаи ҶТ.

Сайёҳати Суҳробхон.

Ассистенти  кафедраи «Мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ».

Ихтисос: муҳандис - технолог.

Дараҷаи илмӣ: надорад.

Унвони илм: надорад.

Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисро бо луғат.

Фазои илмӣ: надорад.

Миракова Манзура Ҷурахоновна.

Ассистенти  кафедраи «Мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ».

Ихтисос: Химия биолог.

Дараҷаи илмӣ: надорад.

Унвони илм: надорад.

Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ.

Фазои илмӣ: надорад.

Саидов Абдулло Партовович.

«Сарнозири мудофияи граждани ва ҳолатҳои фавқулодаи ДТМИК».

Ихтисос: матиматик- физик.

Дараҷаи илмӣ: надорад.

Унвони илм: надорад.

Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ,  англисиро бо луғат.

Фазои илмӣ: надорад.

Раҳимов Зикриё Шарифхонович.

Ассистенти  кафедраи «Мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ».

Ихтисос: муҳандис - технолог.

Дараҷаи илмӣ: надорад.

Унвони илм: надорад.

Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисиро бо луғат.

Фазои илмӣ: надорад.

 


Кафедраҳо