Кафедраҳо / Забони давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷӣ
Маълумотномаи кафедраи
Кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб зертобеъи факултети муҳандисӣ - технологӣ буда, баъд аз навсозиҳои кафедраҳо соли 2023 ташкил карда шуд ва кафедраи тахасуси ба ҳисоб меравад. Кафедраи номбурда ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олӣ буда, дар байни донишҷӯёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Омӯзгорони кафедра доктор, профессор, нозади илмҳои педагогӣ ва филологӣ мебошанд ва дар факултетҳои ғайриихтисос аз фанҳои забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, лотинӣ, хитойи дарс мегӯянд.
Таърихи кафедра
Кафедра тибқи фармони директори ФДТТК аз 07 сентябри соли 2012 таҳти рақами 93/ХУ ҳамчун кафедраи мустақил бо номи кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ таъсис дода шуда буд.
Тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 13 марти соли 2013, №149 Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш. Кӯлоб ба муассисаи таълимии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб таъсис дода шуд. Бинобар ин зарурати кушодани кафедраи забонҳо пайдо шуд.
Моҳи сентябри соли 2014 кафедраи мазкур бо кафедраҳои забонҳо ва варзиш муттаҳид шуда, бо номи ҷомеашиносӣ ва фанҳои гуманитарӣ амал мекард. Соли таҳсили 2014 – 2015 дар кафедра 36 нафар омӯзгорон ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявӣ фаъолият доштанд. Аъзоҳои кафедра, алакай собиқаи кории 5-10 сола дошта дар Донишкада фвъолият мекарданд. Онҳо хуб методикаи таълими забонҳоро дар мактаби олӣ дарк мекарданд.
Дар соли таҳсили 2015 – 2016 бахши забонҳо ва варзиш аз ҳайати кафедра ҷудо шуда ба кафедраҳои мустақил табдил дода шуда номи кафедраи забонҳо ва ҳуқуқро гирифт.
Аз августи соли 2016-2017 фанҳои гуманитарӣ аз таркиби кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ ҷудо шуда, фанҳои ҳуқуқшиносӣ ва фанҳои забонҳо як кафедра шуда, фанҳои гуманитарӣ ва варзиш ба кафедраи мустақил табдил ёфт.
Аз сентябри соли 2018-2021 кафедра номи забонҳоро гирифт.
Дар соли таҳсили 2021-2022 кафедра номи забонҳои хориҷӣ ва модели инноватсионии таҳсилотро гирифт.
Аз сентябри 2022-2023 кафедра номи фанҳои гуманитари ва забонҳо-ро гирифт. Дар кафедраи номбурда 45 нафар омӯзгорон машғули кор буданд.
Аз сентябри соли 2023 кафедра номи забони давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷӣро гирифт. Ҳоло бошад дар кафедра 25 нафар омӯзгорон кору фаъолият доранд, ки аз онҳо 9 нафар доимӣ ва 16 нафар ҳамкори дохила ва беруна мебошанд.
Дар кафедра: 2 нафар доктори илм, профессор, 4 нафар дотсент, 3 нафар номзади илм, 2 нафар муаллими калон, ва 13 нафар ассистент дарс мегӯянд ва ба таълиму тарбия ва илмомӯзии чавонон машғул мебошанд.
Ҳайати профессорон, номзадон ва омӯзгорони кафедра: Назарова Рухшона Тағаймуродовна н.и.п.; Саидзода Ҳалим д.и.ф. профессор; Ашурова Нодира д.и.ф. профессор; Фазуллоева Фируза н.и.п. дотсент; Бобоқулов Ҷ н.и.ф. дотсент; Муродов Баҳридин н.и.ф. дотсент; Нурматова Зарина н.и.ф.; Ашуров Азамат н.и.ф.; Гуламадшоев Ш. н.и.ф.; м.к. Мирзоева Ф., Абдуллозода Хабибулло, Темуров Х., ас.Саидов З., ас. Шахнозаи С., ас. Холматова Р. ас.Нозимова Дж., ас. Джамолбии Х., ас. Давлатов Ф.,ас. Назаров Н., ас. Хасани Ш., ас. Шаахнозаи С., ас.Азизова С.ас. Муродов З., ас. Каримова Д., ас. Зайналбии С.
ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ КАФЕДРА
Назарова Рухшона Тағаймуродовна Номзади илмҳои педагоогӣ, дотсенти кафедра |
|
Файзуллоева Фирузамо Мадохировна Номзади илмҳои педагоогӣ, дотсенти кафедра
|
|
Нурматова Заррина Шерматовна Номзади илмҳои педагоогӣ, дотсенти кафедра
|
|
Ашуров Азамат Ҷумаевич Номзади илмҳои филологӣ, саромӯзгори кафедра |
|
Саидов Зокирҷон Бобоевич Ассистенти кафедра |
|
Темуров Хуршед Сулаймонович Саромӯзгори кафедра |
|
Шаҳнозаи Сабур Ассистенти кафедра |
|
Шомадов Шоди Зайнуддинович Ассистенти кафедра |
|
Мирзоева Фарида Саидаҳмадовна Саромӯзгори кафедра |
|
Ҳасани Шариф Ассистенти кафедра |
|
Холматова Рухшона Маҳмадовна Ассистенти кафедра |
|
Каримова Дилноза Шоҳназаровна Ассистенти кафедра |
|
Назаров Наҷибулло Тағаймуродович Ассистенти кафедра |
|
Азизова Суманбӣ Раҳматшоевна Ассистенти кафедра |
|
Зайналбии Садридин Ассистенти кафедра |
Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра
Дар кафедра маҳфилҳои «Забономӯз», «Забондон» ва «Русское слово» амал мекунанд. Ҳар як маҳфил 22 аъзо дорад, ва онҳоро омӯзгорони пуртаҷриба роҳбари мекунанд. Маҳфили «Забондон»-ро омӯзгори фаъоли фанни забони тоҷикӣ Шахнозаи С., Маҳфили «Забономӯз» -ро омӯзгори фанни забони англисӣ Ҳасани Ш., ва маҳфили фанни забони русӣ «Русское слово» омӯзгори собиқадори кафедра Саидов З. ба зима доранд.
Аз ҷониби аъзоёни маҳфил дар конференсияҳои илмию амалӣ маърузаҳо пешниҳод мегардад. Аъзоёни маҳфил асосан донишҷӯёни курси 1-уми факултетҳои ғайриихтисосӣ мебошанд, ки дар курсҳои болои таҳсилро аз фанҳои русӣ ва англисӣ идома намедиҳанд. Дар соли таҳсили 2024 кафедра тасмим дорад, ки шумораи аъзоёни маҳфилро аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои болои низ пурра созад.
Дар кафедра семинари илмӣ-методӣ амал мекунад, ки моҳе як маротиба ҷаласаи худро мегузаронад. Семинари илмӣ-методии кафедраро муаллими калон Темуров Х.С. ба зима доранд. Дар ҷаласаҳои семинар мавзуи и кори илмии омӯзгорон, дарсҳои кушод ва мақолдаҳои омӯзгорон, ки дар конференсияҳо баромад мекунад, муҳокима карда мешаванд.
Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ҷузъи ҷудонашавандаи раванди таълим мебошад. Фаъолияти самти илмиро дар кафедра олимони фанҳои забон роҳбарӣ мекунанд. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар кафедра самтҳои зеринро дар бар мегирад: гузаронидани тадқиқот оид ба мавзуҳои тахассусӣ, тайёр ва нашр намудани монографияҳо, маҷмуаҳои мақолаҳои илмӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ (конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва ғ.), иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ.
Дастовардҳои кафедра
Кафедраҳо