Departments / Технологияи саноати сабук ва маводи хӯрока
Раҷабов Иссо Ҳамидович
Мудири кафедра
Номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент
Кафедраи «Технологияи саноати сабук ва маводи хӯрока» ҷузъи сохтории факултети «Муҳандисӣ-технологӣ» ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш.Кӯлоб буда, дар системаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ ва илмию методиро тибқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки аз ҷониби Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дода шудааст, ба роҳ мемонад. Кафедра бо қарори Шӯрои олимони ДТМИК таҳти рақами №2 аз 01.09. 2023 бо роҳи якҷо намудани кафедраҳои «Технологияи маводи хӯрока» ва «Технологияи саноати сабук ва дизайн» таъсис дода шудааст. Утоқи кории кафедра дар бинои таълимии №1-и муассиса ҷойгир буда, дар нишонии 735360, Ҷумҳурии Тоҷикистн, шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Борбад, воқеъ гардидааст.
Вазифаи стратегии кафедраи “Технологияи саноати сабук ва маводи хӯрока ”тайёр намудани мутахассисони варзида ва рақобатпазири бозори меҳнат барои фаъолият дар сохторҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати кишоварзӣ, ва дигар корхонаҳое,ки ба истеҳсолоти маводи хӯрока ва дигар ҷӯзҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки донишу малакаи мукаммали техника ва технологияи муосирро талаб мекунанд, мебошад. Омӯзгорони кафедра хизматрасониашонро ба ихтисосҳои 74020601- “Истеҳсол , нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ”, 1-49010202 “Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ”, 1-19010105 “Дизайни костюм ва газвор”, 1-500101 “Технологияи ришта,матоъ,нассоҷӣ ва матои бе тору пуд” дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва докторантура, ба роҳ мондаанд. Теъдоди умумии омӯзгорони кафедра 29 нафарро ташкил дода, аз ин 14 нафарашон ё 50% омӯзгорони доимӣ ба ҳисоб мераванд.Роҳбарии кафедраро номзади илмҳои кишоварзӣ ,дотсент Раҷабов Иссо Ҳамидович, ба уҳда дорад. Дар ҳайати омӯзгорон -1 нафар доктори илм,профессор(Амиршоев Ф.С.) 1 нафар и.в.профессор, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Академики академияи мусаввирии Тоҷикистон( Асоев Ҷ.) 4 нафар номзади илм,дотсент,(Раҷабов И.Ҳ.,Қурбонзода Б.Д., Камолов Ш., Мирзоева Б.) 11 нафар саромӯзгор, 11 нафар ассистент фаъолият намуда истодаанд.
Воҳидҳои кории кафедра 20,10 буда миқдори кредитҳо ба 561 баробар аст.
Миқдори умумии фанҳои таълимӣ:
Дар нимсолаи якум-52 фан
Дар нимсолаи дуюм-48фан
Мавзуъҳои илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорони кафедра ба «Самтҳои афзалиятнокӣ рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои то 2030» бахшида шудаанд, ки барои ҳалли масъалаҳои аграрӣ,технологӣ ва иқтисодии Тоҷикистон равона гардидаанд. Дар айни замон таҳти роҳбарии д.и.б.,проффессор Амиршоев Ф.С (2 нафар) ва д.и.б.,профессор Назиров Ҳ. (1 нафар) се нафар унвонҷӯи кафедра: Садиров М.З., дар мавзӯи “Технологияи парвариш ва нигоҳубини модаговҳо ва таъсири онҳо ба маҳсулнокӣ, сифати шир ва равған дар шароити минтақаи Кӯлоби вил.Хатлон” Зуҳуров Ш.С. дар мавзӯи “Усулҳои технологии парвариши кадуҳои калонмеваи пучоқсахти мускатӣ дар шароити Ҷанубу -Ғарби Тоҷикистон.” Ҳакимов Ҷ.С. дар мавзӯи “Таркиб ва ғизоноки силос аз растаниҳои гуногун бо истифода аз кислотаҳои органикӣ дар шароити минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон” дар самти илмҳои кишоварзӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодаанд,ки ду нафарашон дар арафаи ҳимоя қарор доранд Як нафар унвонҷӯ Тошмуродова Р. дар зери роҳбарии д.и.т, дотсент Шоҳиён А.Н.,дар самти илмҳои нассоҷӣ кори илмиашро ба итмом расонида истодааст. Олимони кафедра пайваста дар конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва умумидонишгоҳӣ, семинарҳо, анҷуманҳо ва машваратҳои илмӣ, ширкат варзида обурӯи Донишкадаро дар Ҷумҳурӣ ва берун аз он баланд мебароранд. Дар назди кафедра семинари илмӣ – методӣ ва маҳфилҳои “Технолог” ва “Нассоҷ ” амал намуда истодааст,ки донишҷӯёни зиёдеро ба корҳои илмӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ ҷалб намуда истодааст. Донишҷуёни ба кафедра вобаста буда дар озмунҳо ва олимпиадаҳои шаҳрӣ,вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки бевосита доранд. Дар сохтори кафедра филиалҳои кафедраҳои таҳассусӣ дар назди корхонаҳои саноатии шаҳр ва минтақаи Кӯлоб амал намуда истодаанд,ки дар он ҷо машғулиятҳои озмоишӣ,амалӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷуёни кафедра гузаронида мешаванд. Ҳамзамон машғулиятҳои озмоишӣ,амалӣ,корҳои рисолаи хатм ва таҷрибаомӯзии донишҷуёни кафедра дар “Парки технологӣ”-и Донишкада гузаронида мешаванд.
ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ КАФЕДРА
Раҷабов Иссо Ҳамидович Мудири кафедра технологияи маводи хӯрока, маллими калон. Ихтисос – зооинжинер. Дараҷаи илмӣ – дотсент Унвони илмӣ –Номзади илмҳои кишоварзӣ Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Мавзӯъи илмӣ:
|
|
Одинаев Сафар Ҳаитович кафедраи технологияи маводи хӯрока, маллими калон. Ихтисос – зооинжинер. Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Мавзӯъи илмӣ – Хусусиятҳои истеҳсоли ва биологии зардолуҳои минтақаи Кӯлоб. |
|
Садиров Мадкарим Зоирович Муаллими калон. Ихтисос – зооинжинер. Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ – Нигоҳубин ва парвариши модаговҳо ва таъсири онҳо ба масулнокӣ, сифати шир ва равған дар шароити минтақаи Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
|
Раҷабов Санг Мадибронович Муаллими калон. Ихтисос – нигоҳдошт ва технологияи коркарди гандум. Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ – надорад. |
|
Аҳророва Ширинмоҳ Шарифовна Муаллими калон. Ихтисос – технологияи нон, маснуоти ордӣ, қаннодӣ ва макаронӣ. Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ – надорад. |
|
Азизов Мирзо Ҳикматович Муаллими калон. Ихтисос – инжинер технолог. Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ – надорад. |
|
Абдуллоев Абдуқаҳор Саторович Муаллими калон. Ихтисос – гидромелиоратсия. Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ – надорад. |
|
Зуҳуров Шомуддин Саидасрорович Муаллими калон. Ихтисос – техналогияи истеҳсол ва нигоҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ. Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ – Омӯзиши хусусиятҳои морфобиологӣ ва ҳосилнокии навъҳои каду вобаста аз шароит ва усулҳои парвариш дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон. |
|
Ҳакимов Ҷалолиддин Саидшоевич Ассистент. Ихтисос – техналогияи истеҳсол ва нигоҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ. Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ – надорад. |
|
Миралиев Сафарали Азизулоевич Ассистент. Ихтисос – ветеринар. Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ – надорад. |
|
Каримов Сайфуддин Шамсудинович Ассистент. Ихтисос – ветеринар. Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ – надорад. |
|
Ҷангов Саидислом Амрохонович Ассистент. Ихтисос – техналогияи истеҳсол ва нигоҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ. Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ – надорад. |
|
Каримов Бахтиёр Ҳайдарович Ассистент. Ихтисос – Муҳандис - технолог. Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ – надорад.
|
|
Файзуллоев Убайдулло Ассистент. Ихтисос – ветеринар. Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ – надорад. |
|
Гулов Илҳом саромузгор Ихтисос – муҳандис-технолог Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ – надорад.
|
|
Нематов Қобилчон Қурбоналиевич , ассист. Ихтисос – муҳандис-технолог Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ – надорад.
|
|
Сафарова Мунира Сафаралиевна , ассистент Ихтисос – муҳандис-технолог Дараҷаи илмӣ – надорад. Унвони илмӣ – надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ – надорад. |
Departments