Centers / Маркази бақайдгирии донишҷӯён ва таҳлили аналитикӣ (МБД)


ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ  БАҚАЙДГИРИИ ДОНИШҶӮЁН ВА ТАҲЛИЛИ АНАЛИТИКӢ

Маркази  бақайдгирӣ ҳамчун сохтори таркибии қисми таълимии ДТМИК, фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи Маркази бақайдгирӣ ва таҳлили аналитикӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки раванди таълим аз рӯи низоми кредитиро танзим менамоянд, «Низомномаи намунавии низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», модернизатсия намудани низоми миллии таҳсилоти касбии бисёрзинагӣ, инчунин вусъат бахшидан ба сифати тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа ба роҳ мондааст.

mbd

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ БАҚАЙДГИРӢ

  • Ба қайдгирии тамоми маълумот дар бораи дастовардҳои донишҷӯ;
  • Таҳия ва назорати риояи тақвими академӣ;
  • Таҳияи роҳнамои донишҷӯ;
  • Омода намудани намунаҳо (шаклҳо)-и гуногуни ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии донишҷӯён, омӯзгорон, фанҳои омӯхташаванда мувофиқи нақшаҳои намунавӣ, корӣ ва фардии таълим;
  • Ташкили бақайдгирии ҳамасола ва рамзгузории донишҷӯён ҷиҳати омӯзиши фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ, инчунин омӯзгорони дарсдиҳанда дар ҳамкори бо эдвайзерҳо;
  • Ташкил ва назорати татбиқи низоми холдиҳӣ-рейтингӣ дар раванди таълим ва сессияҳои имтиҳонӣ;
  • Ташкили гурӯҳҳои академӣ аз рӯи натиҷаҳои бақайдгирӣ ва интихоби фанҳо;
  • Назорати раванди имтиҳонхои ҷорӣ, марҳилавӣ ва ҷамъбастӣ;
  • Таъмини донишҷӯён бо ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрию ҳуқуқии раванди низоми кредитӣ;
  • Ҷамъбасти натиҷаҳои санҷиши марҳилавӣ ва ниҳоӣ;
  • Муайян намудани фоизи донишазхудкунии донишҷӯён ва пешниҳоди он ба деканҳои факултетҳо барои таҳлил ва чораҷӯи;
  • Дар ҷамъбасти ҳар як семестр муайян намудани холи миёна (GPA)-и соҳибгаштаи ҳар як донишҷӯ ва мувофиқати он ба меъёри муқарраршуда;
  • Ба раёсати факултетҳо ва  шӯъбаи таълим барои таҳлил ва чораандешӣ пешниҳод намудани рӯйхати донишҷӯёне, ки аз фанҳои алоҳида баҳои F (Fx) гирифтанд ё (GPA)-и онҳо аз меъёри муқаррашуда паст аст;
  • Ташкили триместр ва ҷамъбасти натиҷаҳои он;
  • Таҳия ва ба расмият даровардани транскрипт (маълумотномаи академӣ), замимаи диплом барои ҳар як донишҷӯ;
  • Ба расмиятдарории нақшаҳои таълимии фардии донишҷӯён ва ворид намудани тағйирот ба онҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда;
  • Дар асоси натиҷаҳои санҷишҳои марҳилавӣ пешниҳод намудани рӯйхати донишҷӯён ба декани факултет бо мақсади омодасозии лоиҳаи фармон оид ба роҳ додани донишҷӯён ба сессияи имтиҳонӣ;
  • Ба декани факултет пешниҳод намудани рӯйхати донишҷӯён барои таҳияи лоиҳаи фармон ҷиҳати аз курс ба курс гузаронидани донишҷӯён дар асоси натиҷаҳои сессияҳои имтиҳонӣ ва (GPA)-и онҳо.

mbd2

НАЗОРАТИ ТАШКИЛИ ҶАРАЁНИ ТАЪЛИМ ВА ВОРИД НАМУДАНИ МАЪЛУМОТҲО БА СИСТЕМАИ МАРКАЗИ БАКАЙДГИРИИ ДОНИШЧУЁН

  • Таҳияи варақаи тақвими академӣ ва назорати иҷрошавии бандҳои алоҳидаи он дар раванди таҳсил;
  • Таъмини донишҷӯён бо ҳуҷҷатҳои дар ҷараёни таҳсил истифодашаванда (табели қайди давомоти донишҷӯён, табели бакайдгирии пешрафт ва худтакмилдиҳии донишҷӯ ва дигар.);
  • Ташкил ва назорати рафти санҷишҳои марҳилавӣ ва ниҳоӣ;
  • Ба система ягонаи маълумотии назди МБД ворид намудани натиҷаҳои санҷишҳои марҳилавӣ ва ниҳоӣ;

НАЗОРАТИ ТАШКИЛИ ҶАРАЁНИ ТАЪЛИМ ВА ВОРИД НАМУДАНИ ДОДАШУДАҲО БА СИСТЕМАИ МБ

  • Таҳияи  варақаҳои санҷишҳои марҳилавӣ ва ниҳоӣ ва ба факултетҳо мувофиқи рӯйхат тақсим намудани онҳо;
  • Тартиб додани рӯйхати ҳайати донишҷӯён бо назардошти курс, гурӯҳи академӣ, шакли таҳсил ва  ҷинс;
  • Тартиб додани транскрипт ва ҳисоб намудани GPA;
  • Сохтани ҷадвалҳои асосӣ барои ҳисоботҳои нимсола ва солонаи соли таҳсил;

МЕЪЁРИ БАҲОГУЗОРӢ БА ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШҶӮ

mbd3

mbd4

ШАРТҲОИ УМУМИИ САРФАРОЗ ГАРДОНИДАНИ ДОНИШҶӮЁН БО ХОЛҲОИ ИЛОВАГӢ БА ЛОИҲАҲОИ ИННОВАТСИОНИИ ДОНИШҶӮЁН

mbd5

mbd6

mbd7

 


ҲАЙАТИ КОРМАНДОН

karimov_b_h

Каримов Бахтиёр Ҳайдарович

Вазифа – сардори марказ

Ихтисос – Муҳандис - технолог

Дараҷаи илмӣ – надорад.

Унвони илмӣ – надорад.

Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат.

 


Суроға: ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Маркази бақайдгирии донишҷӯён ва таҳлили аналитикӣ (МБД) утоқи 110
Телефон: +992 918 90 90 78
 


Centers