Марказҳо / Маркази таълимӣ-тренингии ташаккули маҳорати зеҳнӣ ва эҷодиёти техникӣ


1. Муқарраротиумумӣ

Низомномаи мазкур дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» аз 12-уми феврали соли 2004 таҳти №2, мод. 49) консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсияи рақобатпазиргардонӣ ва рушди инноватсионии ДТМИК тайи солҳои 2011-2013 вазифаҳо ва муқаррароти умумии раванди фаъолияти «Маркази таълимӣ-тренингии ташаккули маҳорати зеҳнӣ ва эҷодиёти техникӣ»-и ДТМИК-ро фаро мегирад.

Маркази таълимӣ-тренингии ташаккули маҳорати зеҳнӣ ва эҷодиёти техникӣ, бо мақсади муттаҳид намудани нерӯи кормандони илмӣ-омӯзгории донишкада ва донишҷӯёне, ки ба фаъолияти илмӣ майл доранд,  барои гузаронидани   корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ- констурукторӣ ҳавасманд мебошанд, сохта мешаванд.

Маркази таълимӣ-тренингии ташаккули маҳорати зеҳнӣ ва эҷодиёти техникӣ ба таркиби ҷамъияти илмии донишҷӯёни ДТМИК дохил мешавад ва шуъбаи сохтори ҳамаи факултетхои ДТМИК мебошад.

Марказ ҳуқуқҳои шахси юридикиро соҳиб нест:

Ба шуъбаҳо  ҷудо кардан ва барҳам додани   марказ аз рӯи қарори шурои олимони ДТМИК ба амал оварда мешавад.

Фаъолияти Марказ аз рӯи қонун гузори  ҶТ дар соҳаи маориф, ки ҶТ муқаррар намудааст ва тавассути фармонҳо,  мактубҳои нишондоди Вазорати маориф ва илми ҶТ, Низомномаи ДТМИК, қарори Шӯрои олимони ДТМИК,  ва системаи меъёрҳои сифати менеҷменти ДТМИК , ва инчунин аз рӯи низомномаи мазкур ҳуҷҷатгузорӣ карда мешавад.

Ба нақшагирии фаъолияти Марказ тавассути роҳбари он бо дар мувофиқа бо роҳбарони ҷамъияти илмии донишҷӯёни ДТМИК ва деканҳои факултетҳо ба амал оварда мешавад. Нақшаи корҳо бо вазифаҳои асоси ҷамъияти илмии донишҷӯёни ДТМИК дар нақшаи тақвимии навбати мувофиқа карда мешавад.

Нақшаи корҳои марказро ҷонишини ректор оид ба корҳои илмӣ тасдиқ менамояд.

Оид ба натиҷаҳои кори Марказ роҳбар ҳар сол дар ҷаласаи шӯрои олимони  ДТМИК  ҳисобот медиҳад ва дар бораи корҳои иҷрошудаашон ҳисобот медиҳад. Ҳисоботро ҷонишини  ректор оид ба корҳои илмӣ тасдиқ менамояд.

2. Вазифаҳои асоси Макраз

а) Баланд бардоштани дараҷаи сатҳи касбии донишҷӯён тавассути ҷалб намудани онҳо ба гузаронидани корҳои илмӣ-татқиқотӣ ва таҷрибавӣ- конструкторӣ.

б) Рушди фаъолияти инноватсионии донишчуён ва кормандони илмӣ- омӯзгории ДТМИК.

в) Дастгирии  шуъбаи консултатсионии донишҷӯён ва кормандони илмӣ- омӯзгории  ДТМИК  аз рӯи масъалаи ҳуҷҷатгузории ҳуқуқ оид ба ихтироот (шаҳодатномаи муаллифи, патент ) ва иҷозатнома.

3. Намудхои асосии кор

3.1 Бо мақсади ба амал баровардани вазифаҳои дар пеш гузоштаи Марказ чунин корҳо бояд ба сомон гузошта шавад:

а)Ташкили коркарди илм.

б) Гузаронидани коркарди хусусии технологияҳои  нав, дастгоҳ, асбобҳо, таъмини  барномавӣ ва ғайраҳо.

в) Ба амал овардани воситаҳои хусусии инвиститсионӣ ва ҷалб намудани онҳо дар лоиҳаҳои илми-техникӣ, ки эҷоди истеҳсолоти хусусиро бо чорабиниҳои муштарак ба амал оварда мешавад.

г) Консултатсия додан оид ба масъалаҳои патенти –ичозатномавӣ.

д) Ташкил ва гузаронидани семинарҳо конференсияҳо, мактабҳо, таҷрибаҳосилкунӣ.

е) Гузаронидани экспертизаи илмӣ, ихтироот, кашфиёт ва ҳалҳои техникӣ ва лоиҳаҳо.

ж) Таъмини омодагии донишҷӯён аз рӯи хизматрасонӣ ва истифодабарии дастгоҳҳои  технологияашон баланд, аз рӯи тадқиқотҳои маркетингӣ ва менеҷменти инноватсионӣ, аз рӯи фаъолияти метрологӣ, стандартӣ ва аз рӯи фаъолияти инноватсионӣ, асосҳои иқтисодиёт.

и) Расонидани ёрӣ  аз рӯи иваз намудани технологияҳои пешқадам ва дастовардҳои илми - техникӣ байни  мутахассисони тоҷикистонӣ ва хориҷӣ дар соҳаи корҳои илмӣ-тадбиқотӣ  ва таҷрибавӣ - конструкторӣ  ва инчунин ба амал ории амалӣ  дафтари  навовариҳо ва навгониҳо.

3.2. Марказ метавонад намудҳои корҳоеро ба сомон  расонад, ки бар муқобили низомномаи ДТМИК набошад.

4. Сохти ташкили

1)Роҳбарии марказро  роҳбаре ба амал меорад, ки он  тавассути фармони ректор таъин  ва озод карда мешавад.

2)Фаъолияти марказро роҳбари ҷамъияти илмӣ донишҷӯёни ДТМИК, рӯҳандозӣ менамояд. Баҳодиҳи ба фаъолияти он ва назорати маъмурӣ аз тарафи ҷонишини ректор оид ба корҳои  илмӣ ба омал оварда мешаванд.

3)Дар сохтори марказ сектори конструкторӣ, сектори технологӣ , сектори  ҳифзи моликияти зеҳнӣ, сектори дастгирии фаъолияти инновасионӣ, озмоишгоҳи метрологӣ дохил мешаванд.

4)Ҷадвали штатии марказ тавассути роҳбар аз рӯи ҳаҷми корҳои иҷрошуда ба амал оварда шуда ва ҷабҳаи молиявиро доро мебошанд ва онро ректори ДТМИК тасдиқ менамояд.

5)Таъинот ва озодкунӣ  аз вазифаи корманди марказ тавассути фармони ректор аз рӯи пешниҳоди роҳбари марказ ба амал оварда мешавад.

6)Барои ҳалли вазифаи гузошташуда корҳои иҷрошуда ( дар базаи марказ метавон колективҳои лаҳзавии эҷодӣ ( аз ҳисоби донишҷӯён ва кормандони илмӣ -педагогӣ) таъсис дод ва аъзоёни он дар асоси шартнома кор менамоянд.

5. Хамкориҳо

5.1 Марказ бо дигар шуъбаҳои  ДТМИК аз рӯи масъалаҳои хоҷагӣ, фаъолияти истеҳсолӣ, амал менамояд ва инчунин аз рӯи масъалаи коркарди ҳуҷҷатҳои меъёрӣ амал менамояд. Ҳамкориҳои марказ бо шуъбаҳои қисми маъмурии хоҷагӣ аз рӯи масъалаҳои таъмини моддӣ-техникӣ  бо назардошти зарурияти истеҳсолӣ мунтазам ба амал оварда мешавад.

5.2 Хамкориҳои марказ аз тарафи ташкилот аз рӯи масъалаи фаъолияти онҳо дар асоси қонунгузории ҶТ , низомномаи ДТМИК ва шартномаҳо бо ташкилотхои саноатӣ ба амал оварда мешавад.

6. Масъулият

6.1 Масъулият барои сифат ва ҳозиразамон будани иҷроиш нишондоди мазкур ба Марказ вазифаҳо, ки иҷроиши нақшаҳо ва ҳамчунин барои эҷоди шароит барои корҳои самаранок  роҳбари марказ бо зердастони худ масъул мебошанд.

6.2 Ҳар корманди марказ масъулятро барои сифатнок иҷро намудани корҳо  ( ин аз руи нишондоди вазифавӣ ) ба сомон мерасонад.

7. Ҳуқук ва вазифаҳо

7.1 Барои  иҷроиши вазифаҳои додашуда Марказ хукук дорад:

а)Матавонад аз шуъбаҳои донишгоҳ  маълумотҳои даркориро барои  иҷроиши вазифаҳои дар назди  ӯ буда пурсад ва  гирад .

б) Ташкил ва гузаронидани ( баъди розӣ намудани  ҷонишини ректод оид ба илм) чорабиниҳои накшавӣ ва ғайринақшавӣ  барои иҷроиши кор равонашуда.

в)  Ҷалби коркунони барои ҳалли масъалаҳо дар дохили марказ.

г) Иштирок дар ташкил намудани фармоишҳо,  коркарди шартномаҳо барои хариди воситаҳои лозимии барномавӣ,  воситаҳои техникӣ ва масолеҳҳои истифодашаванда.

Марказ ҳуқуқҳои дигаро низ  доро мебошад, ки  аз рӯи  низомномаи ДТМИК  ва қонунҳои амалкунандаи  вайро пурра месозад.

7.2 Ҳуқуқ ва вазифаҳои  роҳбар ва коркунони марказ аз рӯи ҳуқуқҳои  меҳнати ҶТ , Низомномаи донишкада  ва шартномаҳои ҷамъияти байни маъмурият ва ҷамъияти меҳнаткашон ва дастурамалҳои  вазифавӣ муайян мешавад.

8. Заминаҳои ҳуқуқии ташкил намудани Марказ

Маркази таълимӣ-тренингии ташаккули маҳорати зеҳнӣ ва эҷодиёти техникӣ дар ососи имкониятхое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъди мактаби олӣ, Низомномаи  Донишкадаи  технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва маҷмӯи зиёди ҳуҷҷатҳои меъёри-ҳуқуқии соҳаи таълимоти олӣ таҳия гардидаанд.

Зимни дар амал ҷорӣ намудани мақсад ва мароми Марказ вазифаи стратегии баланд бардоштани савияи дониши донишчуён ва омода намудани онҳо барои фаъолияти мустақил ва ҳифзи иҷтимоии донишҷӯ, ки метавонад дар як вақт барномаи таълимӣ ва худтакмилдиҳиро амалӣ намуда, бо истифода аз неруӣ зеҳнии сатҳи иҷтимоиашро  дар раванди иҷро намудани фаъолияти касбии кор бо техникаи компютерӣ, иштирок дар лоиҳаҳои инвеститсиони, ташкил ва гузаронидани барномаҳои таълимӣ ва ғайра, ки ба талаботи замонавии тайёр намудани мутахассисон дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб мутобиқ мебошад, баланд бардорад.

9. Маҷмӯи самти равияҳои лоиҳаҳо ва иқдоми дасгиришавандаи  донишҷӯён.

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб тайёр намудани мутахассисони соҳавиро дар раванди дизайн, технологияи муосири  иттилоотӣ, технологияи маводи  хӯрока, тарҳрезии бадеии либос, курсҳои машваратӣ, курсҳои ёрирасон, маркази ташхиси компютер, маркази таъмири  асбобҳои ба соҳаи техникаи хӯрока ва сабур вобаста гузаронидани курсҳои  мониторинг, ки ба ихтисосҳои иқтисодӣ вобастааст ва ғайра, ки дар талаботи муаррифиномаи касбӣ оварда мешаванд, ташкил карда метавонад. Ба ғайр аз фаъолияти имконпазири дастгирии иқдоми донишҷӯён, инчунин онҳо метавонанд барои гирифтани имтиёзҳои супоридани имтиҳони финали ба  донишчӯён машварат гузаронанд ва соҳиби холҳои имконпазир гардад.  Дар раванди дастгирии иқдоми донишчӯён, инчунин масъалаҳои бастани қарордод ва шартномаҳое, ки барои ҳалли масъалаҳои таълим, барномасозӣ, ҷамъоварии маводҳо оид ба фанҳои таълимӣ, тартиб додани сармаълумотҳо дар бораи талаботи касби ва гайра дар мувофиқи бо кафедра ва факултетҳо метавонанд мавриди омузиш қарор гирифта дар асоси онҳо ба донишҷӯён имтиёзҳои иловагӣ пешниҳод гарданд.Чунин шарҳи масъала маънои онро дорад, ки донишҷӯ ва ё гурӯҳи донишҷӯён бо Лоиҳаи масъалагузорӣ ба шарофати кафедра ва факултетҳо муроҷиат намуда, пешниҳод менамоянд, ки онҳо барои ҳалли ин ё он масъала омодагӣ доранд ва метавонанд аз рӯи талаботи махсус онро иҷро намоянд. Вобаста аз зарурияти ҳалли масъалаи мазкур ба ҳар яке донишҷӯён метавонанд холҳои иловагӣ дар имтиҳонҳои финали пешбинӣ гарданд ва ё ба онҳо қарордодҳо  бо додани маош дар  амал ҷорӣ гардад.

10. Вазифаҳои стратегии Марказ аз нигоҳи сайқали маҳорати касбӣ   ва баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии донишҷӯён.

Зимни ба амал ҷорӣ намудани Лоиҳа ва иқдоми донишҷӯён вазифаҳои стратегии зерин метавонанд дар ҳамбастагӣ иҷро гарданд:

1.Иштирок дар барномаҳои таълимӣ барои сайқали маҳорат, ба монанди аз худ намудани кори компютер, сохтани файл, омӯзиши тарзи истифодаи шабакаи Интернет, омӯзиши кори мошинаҳои дӯзандагӣ, аз худ намудани пайдарҳамии тарҳрезии бадеии либос, интихоби дурусти шифри тоҷикӣ (шрифт), тезҳарфчинӣ дар клавиатура, гузаронидани машғулиятҳо барои гурӯҳи донишҷӯён ва амсоли онҳо метавонад дар асоси маблағгузорӣ гузаронида шаванд;

2.Иҷро намудани нақши корманди техникӣ дар бораи истифодаи кампютер, принтер, нусхабардорӣ, сканиронӣ, моделер ва ғайра. Дар ин ҳолат донишҷӯ пас аз пешниҳод намудани лоиҳаи дасгирии иқдомашон, ки аз ҷониби Шӯъбаи чавонон  ва зерсохтори ҷустуҷӯ ва дастгирии истеъдодҳо омӯхта мешавад ва пас аз омӯзиши масъала муаллифони Лоиҳа соҳиби Литсензия оид ба ҳуқуқи пешбурди иқдом мешаванд. Дар асоси Литсензияи мазкур донишҷӯ метавонад дар як вақт таълим гирад ва зимни фаъолияташ маблағи муайяни хизматрасонии техникиро дар асоси низоми ягонаи муҳосибот гирад;

3.Дар амал ҷорӣ намудани барномаи ҷустуҷӯ ва дастгирии истедодҳо. Зимни амалӣ намудани иқдоми мазкур, донишҷӯ дар як вақт метавонад дар амалӣ гардидани барномаи таълимӣ ширкат варзад ва соҳиби холҳои муайян барои супоридани имтиҳони финалӣ гардад. Ба ин мақсад дошишҷӯ бо омӯзгор қарордоди тарафайнро ба имзо мерасонад. Дастовардҳои донишҷӯ зимни гузаронидани тренингҳо ба донишҷӯён имконият фароҳам меорад, ки  онҳо соҳиби миқдори муайяни холҳо зимни омӯзиши фанҳои таълимӣ гарданд ва ин холҳо ҳангоми гузоштани баҳои финали ба инобат гирифта мешавад. Дар ин ҳолат дар назар дошта мешавад, ки донишҷӯ дар ҳамкорӣ бо омӯзгор муайян менамоянд, дониш ва малакаҳои касбиро аз рӯи бобҳо ва ё дигар талаботи омузгор иҷро намуда, Иҷозатномаи расмӣ гирад ва дар асоси Иҷозатномаи мазкур маҷмӯи корҳои нимсола ва имтиҳони финалиро супорад.

Маркази таълимӣ-тренингии ташаккули маҳорати зеҳнӣ ва эҷодиёти техникӣ барои ҷалби донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар кормандони донишкада озмун дар бораи пешниҳоди идея ва дар амал ҷорӣ намудани онҳоро амалӣ мегардонад ва дар ин асос маҷмӯи сертификатҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои расмиро таҳия намуда, татбиқи онҳоро таъмин менамояд.

Маркази таълимӣ-тренингии ташаккули маҳорати зеҳнӣ ва эҷодиёти техникӣ дар омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонии гирифтани таълимоти олӣ, аз нигоҳи пурсамаргардонӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти инноватсионии ҷузъҳои сохтории донишкада, баҳогузории донишҳои касбӣ, омодагии донишҷӯён барои кор дар фаъолияти инноватсионии соҳавӣ заминаи эҷодкорию  рақобатпазириро  фароҳам меорад ва дар ин раванд татбиқи технологияи муосири иттилоотиро таъмин менамояд.

11.Самтҳои афзалиятноки таҳияи лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯён

1.Таҳияи видиокурсҳо, курсҳои мултимедиявӣ барои фанҳои таълимӣ;

2.Ташкили маҳфилҳои худтакмилдиҳии шахсии донишҷӯён;

3.Таҳияи барномаҳои автоматикунонидашудаи ҷараёни таълим;

4.Таҳияи мавод барои баланд бардоштани сифати иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯӣ;

5.Ташкили корҳо оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо мактабҳои заминавӣ;

6.Иштирок дар ҷамъоварӣ, таҳияи мавод ва иҷрои корҳои илми-татқиқотии аспирантон ва унвонҷӯёни донишгоҳ;

7.Таҷлил ва пешниҳоди моделҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ;

8.Таҷлил ва пешниҳоди моделҳои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ;

9.Дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон тартиб додани луғатҳои русӣ-тоҷикӣ, тарҷумаи матнҳо ва ғайра;

10.Дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон таҳияи маҷмӯи маводҳои аёнии фаннӣ;

11.Тартиб додани барномаҳои автоматикунонидашудаи ҷустуҷӯ ва истифодаи адабиётҳо аз рўи нақшаҳои таълимӣ дар китобхонаҳои донишгоҳ ва шаҳр;

12.Тартиб додани маводҳои рекламавӣ оиди фаъолияти донишгоҳ;

13.Лоиҳаҳое, ки барои рушди паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти донишгоҳ бахшида шудааст.

Муқаррароти хотимавӣ

Таҷриду барҳамдиҳии  Маркази таълимӣ-тренингии ташаккули маҳорати зеҳнӣ ва эҷодиёти техникӣ  дар асоси қарори Шӯрои олимони ДТМИК ба амал бароварда мешавад.

Тағирот ба Низомномаи Маркази таълимӣ-тренингии ташаккули маҳорати зеҳнӣ ва эҷодиёти техникӣ аз тарафи Шӯрои олимони ДТМИК ворид карда мешавад.

 


Марказҳо