Хабарҳо


НАҚШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪСИСИ ДОНИШГОҲИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ

Дар шароити соҳибистиқлолии давлатӣ яке аз механизмҳои меҳварии рушди соҳаҳои калидии кишвар Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли мардуми мамлакат, маҳсуб меёбад. Паёми ироагардидаи имсолаи Пешвои муаззами миллат ба аҳли зиё ва мардуми шарифи Тоҷикистон, тамоми комёбиҳо ва дастовардҳои мамлакатро дар тамоми самтҳо фаро гирифта, ҳамчунин дурнамои рушди давлатро муайян кард.
НАҚШИ ПАЁМ ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ САМТҲОИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ КИШВАР

Ҳамасола ҳамчун пайки шодиву иқдоми нек Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои соли оянда ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, амният, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, дар умум, оид ба тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ва ба миён гузоштани вазифаҳои мушаххас ироа мегардад.
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ҲОЛАТ, РУШД ВА ИМКОНИЯТҲОИ ИСТИФОДАБАРИИ САМАРАНОКИ ОН

Дар Донишкади технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб санаи 20 – декабри соли 2024 конференсияи илмӣ - амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат, рушд ва имкониятҳои истифодабарии самараноки он» бахшида ба Даҳсолаи байналмиалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 ва ташаббуси панҷуми Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо, Рӯзи энергетикҳо баргузор гардид.
Ташрифи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед ба Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Имрӯз, дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед бо самимият ва эҳтироми баланд пешвоз гирифта шуд.
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД БО ДОНИШГОҲИ ИЛМҲОИ ЗАМИНАВИИ АНХАЛТИ ҶУМҲУРИИ ОЛМОН

Дар доираи шартномаҳои ҳамкории судманд бо Донишгоҳи илмҳои заминавии Анхалти Ҷумҳурии Олмон санаи 30.11.24 д.и.т., профессор Эдуард Сименс, профессори кафедраи электротехника, механика ва зеҳни сунъии Донишгоҳи Анхалт ба Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб ташриф овард.
Дарси намунавии омӯзгори кафедраи “Шабакаҳои барқи”

Дарси намунавии омӯзгори кафедраи “Шабакаҳои барқи” н.и.т., дотсент Қасобов Л., аз фанни “Таъминоти барқи” дар мавзуи “Панелҳои отобӣ ва истифодаи он дар ҳоҷагии қишлоқ” дар факултети муҳандисӣ – энергетикӣ
ГУЗОРИШ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ "ЗАБОНШИНОСӢ"

Санаи 27.11.2024 дар доираи нақшаи кории маҳфили "Забоншиносӣ" - и кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷӣ маҳфили илмии донишҷӯён баргузор гардид.
ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ"ДАР САҲНИ ДОНИШКАДА

Дар даромадгоҳи донишкада роҳбарият устодону донишҷўён бо як самимият донишҷўи донишкада Сураёи Тоирхонро ки дар озмуни ҷумҳуриявии
ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА СУРАЁИ ТОИРХОН ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ГАРДИД!

23-юми ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.


Flag Counter