Faculties / Digital economy and artificial intelligence
Asoev Bahodur Khayridinovich
декани факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ.
Е-mail: asoev_86@bk.ru
Факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ моҳи сентябри соли 2022 дар заминаи факултети иқтисодиёт ва технологияҳои иттилоотӣ бо ҳамроҳкунии баъзе аз ихтисосҳои факултети муштараки тоҷикӣ-россиягӣ (технологияҳои дурнамои илмиасос) ва кушодани ихтисосҳои нав таъсис дода шудааст.
Айни замон дар сохтори факултет 2 кафедраи тахассусӣ – иқтисодиёт, технологияҳои барномасозӣ, зеҳни сунъӣ ва математикаи олӣ ва 1 кафедраи умумидонишкадавӣ – фанҳои гуманитарӣ ва забонҳо мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои
- 1-25010410 – «Менеҷменти молиявӣ»,
- 1-25010805 – «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат»,
- 1-25010400 - «Молия ва қарз», 1-890101 - «Сайёҳат ва меҳмондорӣ»,
- 1-400101 - «Таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ»,
- 1-40010202 - «Низом ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт»,
- 1-40030102 - «Зеҳни сунъӣ»
омода мекунанд.
Инчунин, дар факултет аз рӯйи ихтисосҳои
- 1-25010410 – «Менеҷменти молиявӣ»,
- 1-25010400 - «Молия ва қарз»
- 1-400101 - «Таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ»
магистрон таҳсил менамоянд.
Дар факултет донишҷӯёни шуъбаи рӯзона 340 нафар, шуъбаи фосилавӣ 358 нафарро ташкил медиҳад. Инчунин, айни ҳол дар факултет 29 нафар магистрон таҳсил менамоянд.
Дар панҷ соли охир (солҳои 2017-2022) шумораи омӯзгорони унвондор дар факултет мунтазам зиёд гардида, ҳайати устодон рисолаҳои илмии худро дар мавзӯъҳои гуногун дифоъ намуданд. Шумораи омӯзгорони унвондор дар факултет 24 нафарро ташкил дода, 3 нафарашон докторони илм, профессорон мебошанд. Дар маҷмуъ ҳайати умумии омӯзгорон ва кормандони факултет 109 нафар мебошад.
Таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолии донишҷӯёни факултет дар корхонаву муассисаҳои молиявии пешбари минтақа – Раёсати молияи шаҳру минтақаи Кӯлоб, филиали Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб, Филиали БДА «Амонатбонк» дар минтақа ва шаҳри Кӯлоб ва ғайраҳо гузаронида мешаванд.
Аз тарафи коллективи устодону профессорони факултет зиёда аз 10 монография ва 350 мақолаи илмӣ ба чоп расидааст. Дар факултет коллективи устодону профессорон доир ба ҳадафҳои стратегии мамлакат «Таъмини истиқлолияти энергетикӣ», «Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ», «Ҳифзи амнияти озуқаворӣ» ва «Саноатикунонии босуръати кишвар» корҳои илмию таҳқиқотӣ мебаранд ва саҳми назарраси худро барои рушди соҳаи иқтисодиёт гузоштаанд.
Аз рӯзи таъсисёбии факултети иқтисодиёт ва технологияҳои иттилоотӣ ва дар заминаи он ташкилшавии факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ то ба имрӯз беш аз 2000 нафар мутахассисони ихтисосҳои иқтисодию барномасозӣ омода шудаанд, ки ҳоло дар системаи хоҷагии кишвар ва берун аз он софдилона меҳнат менамоянд ва боиси ифтихори факултетанд.
Дар омодакунии мутахассисон ва олимони ҷавон факултет бо Донишгоҳи федеролии Қафқози Шимолӣ, Донишгоҳи ПРИМОРСКА-и Ҷумҳурии Славения, Донишгоҳи политехникии ТУРИН – и Ҷумҳурии Италия, Донишгоҳи ТРАНСЛЕВАНИЯ-и Ҷумҳурии Руминия, алоқаи илмиву амалӣ ва судмандро ба роҳ мондааст.
Корҳои илмии устодони факултет дар маҷаллаҳои соҳавии Федератсияи Россия – «Экономика и предпринимательство», «Наука и техника» ва инчунин дар нашрияҳои ҷумҳуриявии «Ахбороти академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Маърӯзаҳои академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Паёми политехникӣ», «Идоракунии давлатӣ» Маҷаллаи илмию сиёсии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо, ки аз нашрияҳои илмии эътирофнамудаи Комиссияи олии атестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мебошанд, нашр мегардад.
Хатмкардагони факултет, ки дар вазифаҳои масъули давлатию ҳукуматӣ айни ҳол кор мекунанд инҳо мебошанд: Ҳамидиён Орзу. –муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба корҳои идеологӣ, Шарифзода Г.М. – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Ятимов Ш.Т. – сардори МХБ «Эсхата» дар шаҳри Кӯлоб, Иброҳимов Ф.И. – директори филиали ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» дар ноҳияи Данғара, Холов А., - мудири МХБ-и «Коммерсбонк» дар ноҳияи Данғара, Иброҳимов Ф.И. мудири МХБ – и «Спитаменбонк» дар шаҳри Кӯлоб, Наврузи Носир – номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори маркази таҳсилоти фосилавии ДДК ба номи Аабӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Сафарзода М.В. – н.и.п., дотсент мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДК ба номи Аабӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ҳафизов А.М. – ҷонишини декан оид ба таълими ғоибонаи факултети физика ва математикаи ДДК ба номи Аабӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.
ҲАЙЪАТИ КОРМАНДОНИ ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ
Асоев Баҳодур Хайриддинович декани факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ. Е-mail: asoev_86@bk.ru Ихтисос: иқтисодчӣ–молияшинос. Дараҷаи илмӣ: Унвони илмӣ: Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ: Ташаккул ва рушди бозори неруи барқ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ |
|
Hisaynov Navruz Abdurahmonovich ҷонишини декан оид ба таълими факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ. Ихтисос: иқтисодчӣ – молияшинос. Дараҷаи илмӣ: надорад. Унвони илмӣ: надорад. Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ: Такмилу таҷдиди БМТ корхонаҳои агросаноатӣ дар қаринаи ТБО минтақа (дар маводи КАС-и минтақаи Кўлоб) |
|
Alieva Takhmina Saydahmadovnа ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ. Ихтисос: Дараҷаи илмӣ: надорад. Унвони илмӣ: надорад. Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ: Таҳлили хусусиятҳои лексикӣ дар романи «Ҷугӣ» – и Сорбон |
|
Сафарзода Эмомалӣ Раҳмоналӣ раиси созмони ҷавонони факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ. Ихтисос: менеҷменти молиявӣ Дараҷаи илмӣ: надорад. Унвони илмӣ: надорад. Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ бо луғат. Фазои илмӣ: надорад. |
Faculties