Китобхона
МАЪЛУМОТНОМА
оиди китобхонаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб.
Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолияти китобдорию китобдӯстӣ фармуданд. «Эҳтиром ба Ватан, ифтихор ба Тоҷикистони азиз, дӯст доштани ҳар як гушаву канори он аз дуруст мутолиа намудани китоб ва аз бар намудани мазмуну матнҳои он ба даст меояд».
Дар айни замон дар китобхона 15200 номгӯи китобҳо мавҷуд аст, ки аз он миқдор 2000 номгӯи китобҳои таълимӣ, 9000 номгӯи китобҳои тахассусӣ вобаста ба ихтисосхо, 1600 номгӯи дастурҳои методӣ, 400 номгӯи китобҳои сиёсӣ мебошанд. Адабиётҳои бадеи 2200 номгӯйро ташкил медиҳанд. Аз ҷумлаи номгӯи китобҳои дар боло нишондодашуда бо забони тоҷикӣ 5480 то, бо забони русӣ 7416 то, бо дигар забонҳо: англисӣ, немисӣ, франсавӣ ва форсӣ 2304 адад мавҷуданд. Санҷиши китоби қайди хонандагон нишон дод, ки ҳамагӣ дар китобхонаи донишкада 1020 нафар аъзо мебошанд. Аз ин миқдор донишчӯён 920 нафар ва устодону кормандон 80 нафар. Гардиши умумии хонандагони китобхона 70 %-ро ташкил мекунад. Харидори намудани китобҳои дарсӣ ва дигар маводҳои таълими дар ҳамин соли сипаригардида 198 ададро ташкил медиҳад, ки маблағи он 11450 сомониро ташкил медиҳад. Таъминоти китобхона бо матбуоти даврӣ 27-номгуйро ташкил мекунад, ки маблағи умумии 17490 сомониро ташкил медиҳад. Дар толори хониш 50 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Дар китобхонаи электронӣ бошад 125000 китоби электронӣ мавҷуд аст. Китобхонаи электронӣ дорои 24 ҷойи нишаст аст.
Рӯйхати кормандони китобхона
№ |
Ному насаб |
Вазифаи ишғолкардааш |
Дараҷаи |
Соли ба донишкада ба кор омадан |
Штатӣ, ҳамкори беруна, ҳамкори дохилӣ |
1. |
Идиев Изатулло |
Мудири китобхона |
ассистент |
2015 |
корманди асосӣ |
2. |
Шаҳнозаӣ Самизода |
Китобдор |
ассистент |
2023 |
корманди асосӣ |