КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 20.01.2024, 07:41:14     71


Тибқи нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо барои соли 2023 дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб  санаи 22 декабри соли равон дар толори маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб конференсияи илмӣ-амалии байналмиллалӣ дар мавзуи «Равишҳои муосир ба азхудкунии муштараки технологияҳо ва фазои кайҳонӣ дар таъмини рушди технологӣ, инноватсионӣ ва рақамикунонии истеҳсолот дар ҳошияи амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат»  бахшида ба 20 солаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020-2040 бо иштироки ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ муҳтарам Шоҳиён Алмосшо Набот, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон олимону донишмандони дохил ва хориҷӣ кишвар баргузор гардид. 

Конференсияи мазкур бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.

Сипас ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ муҳтарам Шоҳиён Алмосшо Набот кори конференсияро оғоз бахшида мақсаду ҳадаф ва интизориҳо аз кори конференсияро шарҳ дода тибқи барнома баромадро ба маърӯзачиён дод. 

  1. Қаюмов Абдулҳамид - доктори илмҳои тибб, профессор, академики АМИТ, директори Маркази омўзиши пиряхҳои АМИТ, мавзуъ “Тоҷикистон дар ҳифз ва омўзиши пиряхҳо пешсаф аст ”;
  2. Манько Ольга Михайловна — доктори илмҳои тибб, профессор, ходими пешбари илмӣ, роҳбари гурўҳи илмии «Физиология ва психофизиологияи биниш»-и Маркази давлатии илмии РФГ - Институти проблемаҳои Академияи илмҳои Россия, мавзуъ “Тибби инноватсионии кайҳонӣ барои таҷриба дар замин”;
  3. Битус Евгений Иванович – доктори илмҳои техникӣ, профессор, коршиноси байналмилалӣ оид ба кор бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СҲШ ва Иттиҳоди Аврупо, Донишгоҳи биотехнологии Россия, ФР, профессори фахрии ДТИМК, мавзуъ “ТатбиҚи технологияҳои воридшаванда ҳамчун омили муҳими раҚамикунонии корхонаҳои саноатӣ”;
  4. Назарзода Пиралӣ Сафар-доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарии ДТМИК, мавзуъ “Эмомалӣ Раҳмон асосгузори дипломатияи об дар ҷаҳон”;
  5. Раҳмонов Бахтиёр Шарифович-мухбири газетаи “Ҳақиқати Кўлоб”, мавзуъ “Вазифаҳои мубраме, ки аз равишҳои муосир ба азхудкунии муштараки технологияҳо ва имкониятҳои фазои кайҳонӣ вобастаанд”;
  6. Қасобов Лоиқ Сафарович –номзади илмҳои техникӣ, дотсенти ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ, мавзуъ “Захираҳои гидроэнергетикӣ ва таърихи рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон”.

Инчунин тариҚи маҷозӣ (режими онлайн) аз хориҷи кишвар иштирок ва суханрони намуданд.

  1. Ярушкина Надежда Глебовна – доктори илмҳои техникӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии техникии Уляновски ФР, профессори фахрии ДТИМК;
  2. Андреев Алексей Петрович – номзади илмҳои таърих, дотсент, ректори Донишгоҳи давлатии аграрӣ-технологии Перм ба номи академик Д. Н. Прянишников;
  3. Герасёв Алексей Дмитриевич – доктори илмҳои биологӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии педагогии Новосибирск»;
  4. Турабҷанов Садриддин Маҳаматдинович – доктори илмҳои техникӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов; 
  5. Тургунов Собитхон Тошпулатович – доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии педагогии Намангон;
  6. Зворыкина Юлия Викторовна  — доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор — муовини ректор оид рушд ба инноватсияи Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Россия ба номи Серго Орҷеникидзе, ФР;
  7. Тютиков Владимир Валентинович — доктори илмҳои техникӣ, профессор, муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии энергетикии Иваново ба номи В.И. Ленин;
  8. Егоров Сергей Анатольевич — номзади илмҳои техникӣ, декани факултети тайёр намудани донишҷўёни хориҷии Донишгоҳи давлатии энергетикии Иваново ба номи В. И. Ленин, ФР;
  9. Плеханов Алексей Федорович – доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Россия ба номи А.Н. Косигин (технология, тарроҳӣ ва санъат);
  10. Максимов Игорь Владимирович — номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсенти кафедраи технологияи нигоҳдошт ва коркарди маҳсулоти хоҷагии Қишлоқи Донишгоҳи давлатии аграрии Воронеж ба номи Император Пётри I, ФР;
  11. Лукин Алексей Леонидович — доктори илмҳои биологӣ, профессор, мудири кафедраи биохимия ва микробологияи Донишгоҳи давлатии аграрии Воронеж ба номи Император Пётри I, ФР, профессори фахрии ИТИМК;
  12. Фотина Оксана Владимровна – номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ-и Донишгоҳи давлатии аграрӣ-технологии Перм ба номи академик Д. Н. Прянишников;  
  13. Васюкова Анна Тимофеевна – доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи саноат, хўрока, кори меҳмондорӣ ва хизмати Донишгоҳи биотехнологии Россия, Москва, профессори фахрии ДТМИК.

Бояд тазаккур дод, ки мавзуҳои дар Қисмати ифтитоҳи шунидашада пурра ба самти кори конфронс мувофиқат намуда, масъалаҳои мубрами имрўзаи соҳаи маориф, иқтисодиёт ва саноатро дар бар мегирифтанд. 

Ёдовар бояд шавем, ки дар кори конференсия аз ҷониби олимон, коршиносон ва муҳақиқони ватанию хориҷӣ 163 фишурдаи мақолаҳо пешниҳод гардид, ки аз он 16 мақола аз Россия, 3 мақола аз Ўзбекистон 66 мақола аз  донишкада, 23 мақола аз  МТОК ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии мамлакат ворид гардиданд. 

Мувофиқи Барнома маърӯзаҳо дар 7 бахш тайи ду рўз (нимаи дуюми рўзи 22 ва 23.12.2023) шунида ва муҳокимаронӣ гардидаанд:

БАХШҲОИ КОНФЕРЕНСИЯ

Бахши 1. Нақши фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ дар омода намудани мутахассисони рақобатпазири соҳаҳои саноат зимни фаъолияти инноватсионӣ -Роҳбари бахш: н.и.п. дотсент Шарипов Б.Р. (38 маърўза);

Бахши 2. Моҳияти татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ, таҳсилоти дуалӣ ва таҳсилоти фосилавӣ дар саноати хўрока, сабук, мошинсозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, химия, сохтмон ва дорусозӣ -Роҳбари бахш: н.и.т, дотсент Қурбонзода Б.Д.(40 маърўза);

Бахши 3. Иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои рақамӣ: ҳолат ва дурнамои татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон -Роҳбари бахш: н.и.и, дотсент Асоев Б.Х. (18 маърўза);

Бахши 4. Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим ва хифзи пиряхҳо дар ҷаҳон -Роҳбари бахш: н.и.и, дотсент Содиқзода З.С. (21 маърўза);

Бахши 5. Истифодаи имкониятҳои тиббӣ кайҳонӣ ва мониторинги кайҳонӣ барои амалия дар замин -Роҳбари бахш: д.и.тибб, профессор Сатторов С.(8 маърўза);

Бахши 6. Рушди гидроэнергетика ва нақши он дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар -Роҳбари бахш: н.и.т, дотсент Исоев С.Қ. (8 маърўза);

Бахши 7.  Бобоҷон Ғафуров ва нақши он дар зинда нигоҳ доштани таъриху фарҳанги тоҷик -Роҳбари бахш: н.и.т, дотсент Боқиев Р.У. (30 маърўза).