ТАВАҶҶӮҲ, ТАВАҶҶӮҲ, ТАВАҶҶӮҲ!!!

 16.12.2023, 17:36:41     105


Ба таваҷҷӯҳи ҳамаи омузгорони ДТМИК расонида мешавад, ки   бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҳавасмандии эдвайзерон, дастгирии онҳо дар кори пуршарафи тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ бо мақсади ба роҳ мондани роҳу усулҳои нави таъсиррасонӣ ба ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамзамон ба роҳ мондани таҷрибаи пешқадаму муосири тарбия,  озмуни  донишкадавии  «ЭДВАЙЗЕРИ СОЛ» гузаронида мешавад.  

Эдвайзерон метавонанд дархостҳои хешро то санаи 20.12.2023 ба Департаменти инноватсия, рақамикунонӣ ва равобити хориҷӣ пешниҳод намоянд.

Эдвайзерон низомномаи озмуни «ЭДВАЙЗЕРИ СОЛ» - ро аз садоратҳои факултет ва кафедраҳо дастрас карда метавонанд.