ТАВАҶҶӮҲ, ТАВАҶҶӮҲ, ТАВАҶҶӮҲ!!!

 16.12.2023, 17:30:03     101


Ба таваҷҷӯҳи омӯзгорони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб расонида мешавад, ки бо мақсади қадршиносии хизматҳои шоистаи омӯзгорон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ озмуни донишкадавии “Омӯзгори сол”  дар соли 2023 доир карда мешавад.

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои хешро тибқи талаботи дар зер оварда шудаи озмун то санаи 18-уми декабри  соли 2023 ба Департаменти инноватсия, рақамикунонӣ ва  равобити хориҷӣ пешниҳод намоянд. 

  1. Иқтибос аз қарори Шурои олимони факултет  дар бораи пешбарии номзад;
  2. Маълумотномаи номзад;
  3. Сарбории таълимии номзад, ки аз ҷониби раёсати таълим тасдиқ шудааст;
  4. Ҳисоботҳо дар бораи иштироки конфронсҳо;
  5. Нусхаи шаҳодатномаҳои такмили ихтисос;
  6. Мавҷуд будани ҳуҷҷати муҳофизатӣ (патент, дигар ҳуҷҷати муҳофизатӣ);
  7. Нусхаи ҳамаи дастовардҳо.