ОЛИМПИАДАИ ФАННИИ ДОХИЛИДОНИШКАДАВӢ АЗ РАВИЯИ «БИОЛОГИЯ» ҶИҲАТИ ДАРЁФТИ ДОНИШҶӮЁНИ ЛАЁҚАТМАНД

 16.12.2023, 17:17:29     97


Бо мақсади рушду инкишофи илму маърифат ва ҷалби бештари донишҷӯён ба илмомӯзиву аз бар намудани донишҳои замонавӣ, бедор намудани шавқу завқи онҳо доир ба ҳалли  масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, муайян намудани донишҷӯёни лаёқатманд, бо мақсади дар оянда ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои  илмӣ дар Донишкада олимпиадаҳои фаннӣ идома дорад. 

Санаи 08.12.2023 дар толори китобхонаи Донишкада бо ибтикороти кафедраи биохимяи тиббӣ ва фаъолияти дорусозӣ  олимпиадаи фаннии " Биология" доир гардид, ки дар он донишҷӯён фаъолона ширкат намуда дониши хешро нишон доданд. 

Лозим ба ёдоварист, ки баъд аз ҷамъбасти олимпиадаҳои фаннии дигар ғолибон дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи роҳбарияти Донишкада қадрдонӣ карда мешаванд.