СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИ ДАР МАВЗУИ «БАРНОМАИ CANVA«

 16.12.2023, 17:07:37     243


Факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бо Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб ҳамкориҳои судманд дошта пайваста семинарҳои омӯзиширо баҳри баланд бардоштани донишҳои иқтисодию соҳибкории донишҷӯён доир менамоянд. 

Санаи 7 декабр аз тарафи бахши Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Барномаи Canva» бо иштироки декани факултет номзади илмҳои иқтисодӣ Асоев Баҳодур, мудири бахши Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб Амиршоев Худойдод донишҷӯёни курсҳои чорум гузаронида шуд.

Маҳмадраҷаб Раҳимов - намояндаи муасиссаи мазкур оид ба «Барномаи Canva» ба донишҷӯён маълумот дод. Баъд аз баромад саволу ҷавоб сурат гирифт.