ХУШБАХТИЮ СОЛИМӢ АЛАЙҲИ ХУШУНАТ

 16.12.2023, 16:57:32     174


Дар доираи 16-рўзи мубориза алайҳи зуроварӣ дар оила дар толори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб санаи 01.12.2023 мизи мудаввар дар мавзуи «Хушбахтию солимӣ алайҳи хушунат» баргузор гардид.

Дар кори чорабинӣ ректори Донишкада доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Руъёи Сафарӣ, Хосият Вализода шоири халқии Тоҷикистон, Шамсзода Зикриё -  сармутахассиси Раёсати суди вилояти Хатлон, Салимов Саймуҳаммад - и.в.мудири бахши дин танзим анъана ва ҷашну маросим дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Тибқи барнома ректори Донишкада доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот чорабиниро оғоз бахшида дар ҳошияи мақому манзалати зиндагӣ ва ҳаёт бидуни зуроварӣ, Моддаи 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» суханрони намуда ба ҳозирин бахту саодат, шодиву нишот, зиндагии пур аз шодиҳо таманно намуд. 

Иштирокчиён: Хосият Вализода шоири халқии Тоҷикистон дар мазуи «Хушбахти маҳаки асоси ҷомеа», Рўъёи Сафарӣ - мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар мавзуи «Хушбахтию солимӣ алайҳи хушунат», сармутахассиси Раёсати суди вилояти Хатлон Шамсзода Зикриё дар мавзуи «Мафҳуми зўроварӣ дар оила», Салимов Саймуҳаммад - и.в.мудири бахши дин танзим анъана ва ҷашну маросим дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб дар ҳошияи рафти амалишавии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  суханронӣ намуданд.    

Дар фарҷом саволу ҷавоб бо баромадкунандагон баргузор гардид.