БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «ХИМИКОНИ ҶАВОН»

 16.12.2023, 16:39:51     182


Имрӯз дар озмоишгоҳи факултети муштараки тоҷикӣ - россиягӣ ва технологияҳои дурнамои илмиасос  маҳфили навбатии «ХИМИКОНИ ҶАВОН»-и дар назди кафедраи техналогияи дорусозӣ ва биохимияи тиббӣ баргузор гардид. 

Дар маҳфил мазкур  д.и.х Сафаров Сайфиддин, н.и.т Ҳакимов Искандар, Холов Муродалӣ, ва Одинаев Рустам ассистенти кафедраи мазкур, ҳамзамон роҳбари маҳфил  Абдулоева Марҳабо ва ҳайати аъзоён иштирок намуданд. 

Сараввал роҳбари маҳфил Абдуллоева Марҳабо суханронӣ намуда доир ба пайвастагиҳои органики ва ғайри органикӣ, корҳои амалӣ - озмоишӣ ва таҳқиқотирр дар маҳфил барраси намуда ба ҳозирин маълумот дод.

Сипас донишҷӯи курси 4 ихтисоси техналогияи таркиби доруворӣ, витаминҳо ва ферментҳо Юсупов Зафар дар мавзуи моддаҳои органикӣ (пайвастҳои карбонро бо элементҳои дигар), донишҷӯёни курси 2-юм ва 3-юм дар мавзуи моддаҳои органикӣ ва ғайри органики ибрози андеша намуд саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳо сурат гирифт. 

Натиҷаи маҳфили «ХИМИКОНИ ҶАВОН»-ро сардори раёсати таълим Зуҳуров Шомиддин ҳамроҳи нозири бахши маниторинги сифати таҳсилот  ва сайқали маҳорати касбӣ Одина Сафар, д.и.х Сафаров Сайфиддин ҷамъбаст намуда ба иштирокчиёни фаъол китобҳои д.и.х Сафаров Сайфиддин тақдим карда шуд.