МАҲФИЛИ «ЗАБОНОМӮЗ»

 16.12.2023, 16:35:34     61


Санаи 02.12.2023 соли равон дар кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷӣ маҳфили забономӯз баргузор гардид. 

Кори маҳфилро н.и.п. Назарова Рухшона оғоз бахшида аъзоёни маҳфилро ба барнома шинос намуда дар доираи мавзуҳои пешниҳод гардида ибрози андеша намуд. Сипас тибқи барнома аъзоёни маҳфили мазкур Рухшонаи Ҷумахон донишҷӯи курси 1 ихтисоси 1- 98010101 амнияти компютерӣ дар мавзуи «Конститутсия бахтномаи миллат», Ҳикматуллозода Муҳаммад донишҷӯи курси 1 ихтисоси химия фаъолияти дорусозӣ дар мавзуи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кишвар», Аҳлиддини Иноятулло курси 1- 480104 саноати электрохимявӣ дар мавзуи «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон» маърӯзаҳо намуданд. 

Маҳфили мазкур бо саволу ҷавоб вобаста ба муқаддасоти миллӣ ба анҷом расонида шуд.