АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ «МО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ»

 16.12.2023, 16:20:42     66


Дар асоси нақшаи - чорабиниҳои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб оид ба иҷрои Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025 ва дар доираи лоиҳаи илмӣ таҳқиқот: «Таҳқиқи хусусиятҳои сотсиологӣ ва таърихии муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар шароити имрӯза» дар кучаву хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ТҶҶ "Созандагони Ватан"- и назди Донишкада аксия доир карда шуд. 

Дар аксияи мазкур зиёда аз 342 варақаҳои иттилоотӣ ба шаҳрвандону донишҷӯён тақсим карда шуд. 

Лозим ба ёдоварист, ки дар варақаи мазкур  мафҳуми экстремизм, терроризм, ташкилотҳои экстремисти террористӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ки фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда аст ҷойгир карда шудаанд.