ПРЕЗИДЕНТИ МАН - ИФТИХОРИ МАН

 16.11.2023, 15:49:35     124


Аз саифаҳои таърих ёд дорем, ки 16 ноябр дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. 

Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайян кунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлатӣ, соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тоза интихобгардида ба иҷроои вазифа шурӯъ намудааст.

Яке аз мутафаккирон мегӯяд: “Агар зан намебуд, мард ҳеҷ гоҳ ҳастии худро дарк намекард”. Вале, сарфи назар аз ин, дар ҳамаи осори адабии шоирон ва афкори мутаваккирони баргузида нақши зан танҳо дар фаъолияти оила ва тарбияи фарзанд нишон дода шудаасту бас.

Мо он ҳодисаҳои мудҳише, ки дар солҳои 90-уми асри ХХ рӯй дода буданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонем. Чандин модарон аз шавҳар, хоҳару бародар ва ҷигарбандони хеш ҷудо гардиданд, дар хонаву манзили мардум оташи ҷанги бародаркушро аланга доданд, ки ин ба валангор гардидани кишвари тоҷикон ва несту нобуд шудани эҳсоси ватандории мардум оварда расонид. Бо вуҷуди ин қомати зан-модари тоҷикро касе хам ё шикаста натавонист. Ҷомеа боварӣ бар он дошт,ки рӯзе аз байни мардуми бономуси тоҷик фарзанди накӯе чун Рустами достон ба сари қудрат омада, ҳамаро ба якдиливу якпорчагӣ ва ваҳдату ягонагӣ даъват менамояд. Ин бовари амалӣ гардид ва шахсияти ватанхоҳу ватанпарвар Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар мақоми Пешвои миллат қарор дорад, зимоми давлатдориро ба даст гирифт.

Баробари ба сари қудрат омадани Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон қалби зан-модари тоҷик аз нав ба зиндагӣ гарм шуд, зеро ин марди хирадманд тавонист фарзандони ин модаронро аз гурезагӣ баргардонад, бо ҷои истиқомат таъмин намояд, чароғи мурдаи ҳар як хонаи модари тоҷикро аз нав фурӯзон намояд. Ба оилаҳое, ки бе мард-сутуни хонадон монда буданд, сутуни хонадон гардид, то ин ки тавонанд дар роҳи зиндагӣ осуда қадам гузоранд.

Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдории онҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон Эмомали Раҳмон аз зумраи он шахсиятҳои таърихии муосир аст, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навинии миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгон хизматҳои шоиста намудааст.

Амалҳои таърихии Пешвои миллат Эмомали Раҳмон, ки ҳолиё рисолати Асосгузори давлати муосири тоҷиконро ба дӯш дорад, хеле зиёданд, аммо дар ин мақола мо танҳо як амали Ҷаноби олиро мавриди таҳқиқ ва натиҷагирӣ қарор медиҳем.

Таъсиси ҳокимияти давлатӣ. Назди роҳбари ҷавон вазифаҳои бениҳоят мушкил ва тақдирсози сатҳи давлатӣ меистод. Аввалин ва ҳасоситарини он тарҳрезии низоми идораи давлат, бунёди механизми идораи кишвар буд. Ташкили низоми дурусти идораи давлат, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳалии низоми идора, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳимояткунандаи шаҳрвандон, таҳияи низоми судӣ ва ба ин маънӣ бунёди як механизми мукаммали низоми идораи давлат, ки тавонад халқро аз балои омада халос намояд. Яъне идораи давлатро бунёд кардан лозим буд, то ин ки низоми идораро аз ҷангиён гирифта, ҷангро хотима бахшида, мардумро ба ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ расонад. Аз панҷ гурӯҳи асноди меъёрии ҳуқуқие, ки Шӯрои Олӣ қабул кард, ду гурӯҳи аввал ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, гурӯҳи сеюм барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, гурӯҳи чорум барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гурӯҳи панҷум ба самти муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуда будаанд.  

Зани тоҷик на танҳо давомдиҳандаи наслу тарбиятгари фарзанди тоҷик, балки пешбарандаи сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла варзиш, санъат, маориф, тиҷорат, иқтисодиёт, ҳарбӣ саҳмгузор мебошад.

Мо омӯзгорзанони тоҷик, ки тарбиятгари насли ҷавон ҳастем имрӯз вазифадорем, ки ҷоннисориҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи ободии кишвар,сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ ба эътибор гирифта, ӯро ба мақоми Пешвои Миллат арзанда шуморем ва номи накӯи ин марди хирадмандро дар сафҳаҳои таърих бо оби заррин сабт намоем.

Холматова Муъмина - номзади илмҳои педагогӣ