АКСИЯИ ТАРҒИБОТӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ ПРЕЗИДЕНТИ МАН! ИНТИХОБИ МАН!ИФТИХОРИ МАН!

 16.11.2023, 15:45:06     97


Зери ин унвон бо ташаббуси раёсати тарбия ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» - и назди Донишкада аксияи тарғиботӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкада ва  хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд.

Дар ҷараёни аксияи мазкур мутасаддиён роҳбарият, устодону кормандону  донишҷӯёни Донишкада ва шаҳрвандонро ба муносибати 31-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бо овезаи  Президенти ман! Интихоби ман! Ифтихори ман! ки дар он акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос ёфта аст бо ифтихори баланди миллӣ акси хотиравӣ гирифтанд.

Ногуфта намонад, ки аксияи мазкур то таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад. 

Моро пайгири намоед.