ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ - АДАБӢ ДАР МАВЗУИ «КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ»

 11.11.2023, 09:10:28     236


Санаи 03.11.2023 дар факултети  иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бахшида ба 6 - ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ - адабӣ баргузор гардид. 

Дар кори чорабини декани факултет номзади илмҳои иқтисодӣ, Асоев Баҳодур, сардори раёсати тарбия Шарипов Р.М., сардори шуъбаи махсус таъминоти ҳуқуқӣ Гулов Ҳасан, намояндаи китобхонаи илмии Донишкада Сомизода Шаҳноза иштирок намуданд. 

Декани факултет кори чорабиниро оғоз бахшида ҳозиринро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфта оид ба нақши Конститутсия ибрози назар намуд. 

Инчунин сардори раёсати тарбия Шарипов Рустам, омӯзгор Шоинов Ҳасан дар ҳошияи саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳияи Конститутсияи кишвар суханрони намуданд. 

Сипас тибқи нақшаи барномаи кори чорабини китобдори китобхонаи илмии Донишкада Сомизода Шаҳноза дар мавзуи «Конститутсия роҳнамои зиндагии мо», донишҷӯён Рухшонаи Ҷумахон дар мавзуи «Конститутсия бахтномаи миллат», Одинаева Фарида дар мавзуи «Мафҳуми Конститутсия ва аҳамияти он дар рушди ҷомеа» маърӯзаҳо намуданд. 

Дар охир чорабиниро декани факултет ҷамъбаст намуда донишҷӯён бо як руҳбаландӣ дар васфи Истиқлолият, Ватан, Конститутсия порҷаҳои шеърӣ пешкаши ҳозирин намуданд.