АКСИЯИ «ТОҶИКОНА МЕПУШЕМ»
Имрӯз бо ташаббуси раёсати тарбия ва бахши кор бо занон ва донишҷӯдухтарони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб аксияи тарғиботи таҳти унвони «Тоҷикона мепушем» баргузор гардид.
Набояд фаромӯш сохт, ки мо тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарин ба шумор рафта, тарзи пӯшидани сару либоси худро дорем, ки дар онҳо арзишҳои миллӣ пурра ба инобат гирифта шудааст ва ба фарҳанги бегона ҳеҷ ниёз надорем.
Гуфтан ба маврид ҳаст, ки бо мақсади пешгирии фарҳаги бегона бо қарори мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб ва ба теъдоди зиёд нашр карда шуд.
Дар вақти тақсими варақаҳои иттилоотӣ бо шаҳрвандон дар ҳошияи лимоси миллӣ ва риояи дастурамали либоси тавсиявӣ суҳбат гузаронида шуд.