СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

 31.10.2023, 15:54:22     261


Факултети иқтисодиёти рақами ва зеҳни сунъии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  бо бахши муассисаи «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб ҳамкориҳои судманро ба роҳ монда ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии иқтисодии донишҷӯён семинару омӯзшҳоро пайваста доир менамоянд, ки дар баланд бардоштани дониши донишҷӯён мусоидати комил менамояд.

Санаи 27.10.2023 аз тарафи муассисаи мазкур семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Тарзи дӯруст таёр намудани презентатсия ва фурӯши маҳсулот тариқи онлайн» баргузор гардид. Дар семинари омӯзишӣ мудири бахши муассисаи "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон" Амиршоев Худоидод, муовини ректор оид ба тарбия н.и.п. Холматова Муъмина, декани факултети иқтисодиёти рақами ва зеҳни сунъӣ н.и.и. Асоев Баҳодур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сипас тренери омӯзиш Маҳмадраҷаб Раҳимов оид ба тарзи тайёр намудани презентатсия ва фуруши маҳсулот тариқи онлайн баромад намуд ба донишҷӯён маслиҳат ва тавсияҳои муфид доданд. Баъд аз фарҷоми семинари омӯзишӣ декани факултети иқтисодиёти рақами ва зеҳни сунъӣ ба роҳбарият ва корманди муассисаи мазкур барои ташкили чунин як семинари сатҳи баланд изҳори сипос баён намуд