ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНДИ ШАҲРИ КӮЛОБ БО ШАҲРИ ҚУНИЯИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ

 27.10.2023, 15:15:29     254


Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Хукумати мамлакат вобаста ба таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва рушди соҳаҳои саноат ҳайати расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва доираи соҳибкорон таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр аз шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия боздид ба амал оварда шуд.

Дар доираи сафари мазкур имконият фароҳам оварда шуд, ки ҳайати меҳмонон бо роҳбарияти вилоят ва шаҳри Қуния вохури ва мулокотҳои мутақобилан судманд анҷом дода, барои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии минбаъда ва бунёди корхонаҳои нави саноати заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар ин раванд меҳмонон аз як қатор корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои илмию фарҳангии шаҳри Қуния боздид намуда, барои густариши робитаҳои иқтисодию тиҷорати ва фарҳангию гуманитарӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳамзамон, хайати меҳмонон дар маросими ифтитохи расмии намоишгоҳи байналмилалии пояфзол “Master Shoes” иштирок намуда, зимни мулокот ва вохуриҳо доираи сармоягузорон ва соҳибкорони шаҳри Қуния барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб, бахусус Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” даъват карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки шаҳри бостонии Кӯлоб бо шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия бародаршаҳр буда, то инҷониб миёни ин шаҳрҳо Созишнома оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ ба имзо расонида шудааст.