ЗАБОНИ МИЛЛАТ - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

 15.10.2023, 08:38:31     283


Зери ин ном дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб санаи 05.10.2023 чорабинии адабӣ - фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада доктори илмҳои техкникӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, сармуҳаррири рӯзномаи Кулябская Правда Одинаева Ситора, ноибони ректор, деканони факултет, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони кафедраҳо, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабиниро ректори донишкада доктори илмҳои техкникӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот бо суханронии хеш ифтитоҳ бахшида аз бузургии забони тоҷикӣ ва қадру манзалати омӯзгор ва дастгирии он аз ҷониби ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида инчунин қайд доштанд, ки мо вазифадор ҳастем, ки барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он пайваста кушиш кунем, оид ба донистану омузиши доимии он дар назди насли наврас масъала гузорем. Инчунин дар баромади хеш иброз доштанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамасола дар якшанбеи нахустини моҳи октябр таҷлил намудани Рӯзи омӯзгорон, пеш аз ҳама, далели эҳтирому эътиқоди ҳамагонӣ ба аҳли таълиму тарбия буда, аз мақому манзалати волои онҳо дар ҷомеаи мо башорат медиҳад. Ба ин, пеш аз ҳама, сиёсати хирадмандонаю ватанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат кардааст. Сарвари кишвар аз нахустмарҳалаҳои ба сари қудрат омаданашон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, ин соҳаро афзалиятнок эълон ва батакрор таъкид карданд, ки бидуни маорифи пешрафта ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас мо Ватани худро ҳеҷ гоҳ ободу муваффақ дида наметавонем. Эҳтирому эътиқоди Пешвои муаззами миллат нисбат ба омӯзгорон дар сатҳи баланд ва ибратбахш аст. Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон бар он назаранд, ки «миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад». Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат доимо ва дар ҳама ҷо рӯ ба аҳли таълиму тарбия меоранд, бо онҳо суҳбатҳои озоду самимӣ меороянд, арзу ниёзашонро мешунаванд ва таъкид мекунанд, ки ба дастгирии омӯзгорон ҳамеша омодаанд.

Дар фарҷоми суҳбат ҳозиринро ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон самимона табрик гуфта барору комёбӣ орзу намуд.

Тибқи барномаи пешбинишуда муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу таманиёти роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон ба ҳозирин расонида якчанд омӯзгорони донишкада бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ намуданд.

Сипас номзади илмҳои педагогӣ Ғафоров Абдусатор дар мавзуи "Рисолати касбии омӯзгорон", Назарова Рухшона номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷӣ дар мавзуи "Мавқеъ ва гиромидошти забони тоҷикӣ аз нигоҳи абарманди сиёсат Пешвои миллат" баромад намуданд.

Баъд аз шунидани баромадҳо маросими қадрдонии омӯзгорону кормандон сурат гирифт.

Шокиров Қодир - сардори шуъбаи кадрҳо ва коргузорӣ, Наботов Баҳром - корманди раёсати таълим ва идораи сифати таҳсилот, Шарипов Бегиҷон - мудири кафедраи технологияҳои барномасозӣ, зеҳни сунъӣ ва математикаи олӣ, Амрохонов Афзалхон саромӯзгор бо нишони сарисинагии "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон", Ҳисайнов Наврӯз - ҷонишини декан оид ба таълими факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, Азимов Давлаҳмад - нозири шуъбаи кадрҳо ва коргузорӣ, Зуҳуров Шомиддин - сардори раёсати таълим бо "Ифтихорнома"-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, гузоштани саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар баробари ин як қатор омӯзгорону кормандон бо ифтихорномаи донишкада дар вазъияти тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.