Чорабиниҳо бахшида ба «Соли ҷавонон»

 06.12.2017, 14:12:06     1279


Раёсати  Донишкадаи технология ва менеҷменти  инноватсионӣ  дар шаҳри Кӯлоб оиди  иҷроиши мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2017 таҳти № 6.3/1 – 956 – С дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли ҷавонон»  рӯзҳои 27-28 сентябри соли 2017 дар  Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав  Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ ва назариявиро дар мавзӯи «Пайравӣ  аз Пешвои миллат: нақши ҷавонон дар рушди ҷанбаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар» бо иштироки ҷоизадорони Исмоили Сомонӣ ва олимону муҳақиқони ҷавон чунин чорабиниҳоро ба анҷом расониданд:

  1. Ташкили иштироки омӯзгорон ва муҳақиқони ҷавони донишкада:
  • Асоев Баҳодур, ҷонишини декани факултаи «Иқтисодиёт ва технологияҳои иттилооотӣ»  ДТМИК оид ба таълим,  бо мақолаи «Нақши Пешвои миллат дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ»;
  • Қурбонов Фируз, ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт ва сайёҳӣ» ДТМИК  бо мақолаи  «Неругоҳҳои обии барқӣ, ҳамчун таҳкурсии асосии рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон»;
  • Шаҳлои Юсуф,  ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт ва сайёҳӣ»  ДТМИК  бо мақолаи «Анализ расположения Таджикистана в глобальном инновационном индексе»;
  • Навруз Носирӣ, ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт ва сайёҳӣ»  ДТМИК  бо мақолаи «Рушди фаъолияти инноватсионӣ дар ҷомеаи солим»;
  • Ҷумаев Фаридун, магистри курси 2-юми ихтисоси 1- 48020102 ДТМИК, бо мақолаи «Нақши Пешвои миллат дар ҷомеаи солим».
  1. Дар намоиши дастовардҳои илмию инноватсионӣ аз тарафи Парки инноватсионӣ - технологӣ ва Маркази таълими – тренингии ташаккули маҳорати зеҳнӣ ва эҷодиёти техникӣ ДТМИК дастовардҳои зерин ба намоиш гузошта шуданд:
  • либосҳои миллӣ аз ҷумла чакан, гулбаст, куртаҳои ҳозиразамон, тоқии чакан, инчунин Нишон ва Парчами Тоҷикистон  чакан, лоиҳаҳои модели рушди инноватсионии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, дастовардҳои ҷавонон;
  • консерваҳо аз сабзавот ва меваҷотҳо, растаниҳои хушконидашудаи шифобахши Тоҷикистон ва дорувории аз онҳо тайёршуда.

Гуруҳи олимони ҷавони донишкада сазовори Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона  гардиданд.

Раёсати Донишкадаи технология ва менеҷменти  инноватсионӣ  дар шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтааст, ки дар оянда ҳам олимон ва ҷавонони боистеъдоди донишкадаро ба чунин чорабиниҳо бештар ҷалб намояд.