ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ– ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 77 – СОЛАГИИ ИДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ

 16.05.2022, 16:52:46     1137


Санаи 07.05.2022 тибқи нақшаи – чорабиниҳои Донишкада чорабинии илмӣ – фарҳангӣ бо иштироки директори Донишкада н.и.т., дотсент Шоев А. Н. иштирокчиёни ҷанговарони башардўст омўзгорону донишҷўён баргузор гардид. Дар қисмати илмии чорабини олимону устодони донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия тариқи маҷозӣ иштирок ва суханрони намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии имрўза ҷанговарони башардўст омўзгорон бо маърўзаҳо баромад намуданд. Баъд аз шунидани маърўзаҳо ва суханрониҳои ҷанговарони башардўст барномаи рангин аз тарафи донишҷўёни факултети муштарики тоҷикӣ – россиягӣ ва технологиҳои дурнамои илмиасос пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Баъд аз фарҷоми чорабини ба як қатор ҷанговарони башардўст, устодон, ки дар тарбияи ватандўстии ҷавонон саҳи арзанда гузоштаанд бо сипоснома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардонида шуданд.

Донишҷўёне, ки дар ин чорабинии фарҳангӣ иштироки фаъолона намуданд бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

Чорабини дар сатҳи баланд баргузор гардид.