КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «НАҚШ ВА АҲАМИЯТИ ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ ВА ИНТЕЛЛЕКТИ СУНЪӢ ДАР РУШДИ СОҲАҲОИ МОШИНСОЗӢ, СОХТМОН, ЭНЕРГЕТИКА, ХИМИЯ, САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ ВА САБУК»

 16.05.2022, 15:23:53     663


Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб конференсияи илмӣ - амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Нақш ва аҳамияти технологияи рақамӣ ва интеллекти сунъӣ дар рушди соҳаҳои мошинсозӣ, сохтумон, энергетика, химия, саноати сабук" бахшида ба 20 - солаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020 - 2040 санаи 31.03.2022 бо иштироки олимон муҳақиқон олимони дохиливу хориҷӣ тариқи маҷозӣ ва ҳузури баргузор гардид.

Барномаи ифтитоҳии конференсия:

  • Сухани ифтитоҳии ректори Донишкадаи технология ва менеҷмент и инноватсионӣ дар шаҳри Кулоб н.и.т., дотсент Шоев А.Н.;
  • Суханронии намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Суханронӣ ва маърӯзаҳои илмии олимону коршиносон аз муассисаҳои хориҷи кишвар;
  • Маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи "Афзалиятҳои гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар низоми маориф ва пайомадҳои экологии он" н.и.к., дотсент Раҷабов И.Ҳ.
  • Маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи "Аҳамияти зеҳнӣ сунъӣ дар пешрафти иқтисодиёти рақамӣ" н.и.п. Наимов Умедҷон
  • Маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи "Моделиронии зеҳни сунъӣ барои такмил додани системаҳои автоматикунонии саноати хӯрокворӣ" м.к Қосимов М.К.
  • Маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи "Интелекти сунъӣ ва рушди он дар ояндаи наздик" магисранти бахши дуюм ихтисоси таъмини барномавии технологияҳои иттилоотӣ" Алиҷони А.
  • Муҳокимаҳо ва ҷамбасти ҷаласаи ифтитоҳи конференсия.
  • Идомаи кори бахшҳои конференсия
Аксҳо аз рафти конференсия: