ИНТИХОБИ МАВЗӮИ КОРИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ ВА СОХТОРУ ТАРКИБИ ДИССЕРТАТСИЯИ НОМЗАДӢ

 19.04.2021, 09:07:32     975


СУРАТГУЗОРИШ

Дар таърихи 17.04.2021 дар толори китобхонаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи: «Интихоби мавзӯи кори илмӣ-таҳқиқотӣ ва сохтору таркиби диссертатсияи номзадӣ» бо даъвати Тағоев Ҷамахон Ҳамроевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ-таҳқиқотӣ баргузор гардид. Дар семинари номбурда докторантони PhD, унвонҷӯён, омӯзгорон ва мудирони кафедраҳо фаъолона иштирок намуданд.